https://sputnik.tj/20211112/maqomdor-amrikoi-zeboiho-badakhshon-vajd-1043499323.html
Мақомдори амрикоиро зебоиҳои Бадахшон ба ваҷд овард: боз меоям - видео
Мақомдори амрикоиро зебоиҳои Бадахшон ба ваҷд овард: боз меоям - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз манзараҳои зебои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид кард ва шеъри Носири Хусравро қироат намуд
2021-11-12T11:45+0500
2021-11-12T11:45+0500
2021-11-12T13:01+0500
дар тоҷикистон
вмкб
туризм
сайёҳат дар бадахшон
ишкошим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031750577_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_9b2a8952c93cadc52cd36b5741c68947.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Мақомдори амрикоӣ, сухангӯи сафорати ИМА дар Тоҷикистон Шефали аз оби чашмаи Носири Хусрав чашиду шеъри нобиғаи адабиёти классики тоҷикро ба забони тоҷикӣ қироат кард ва ба қалъаи Ямчун баромад.Ин мақомдори амрикоӣ аз меҳмоннавозии мардуми Бадахшон тавсиф карда мегӯяд, боз ба ин макон бармегардад.Шефали дар назди чашмаи ба номи Носири Хусрав, ки дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, ду мисрае аз эҷодиёти ин нобиғаро қироат кард.Шефали ҳамчунин аз манзараҳои зебои ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла Қалъаи Ямчун боздид кардааст. Дар шарҳи наворе, ки ин мақомдори амрикоӣ дар саҳифаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар "Instagram" зери навои суруди овозхони бадахшонӣ Борис - "Ай гул" нашр кардааст, гуфта мешавад, ки Шефали аз дидани манзараҳои зебои қалъа ҳайратзада шудааст.Қироати шеъри амрикоиҳо ба забони тоҷикӣ - видеоШефали дар ин сафари худ ҳамчунин дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарони лоиҳаҳое, ки аз тарафи сафорати Амрико ва USAID маблағгузорӣ шудаанд вохӯрдаасту аз кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дидан намудааст.Ин ҷо мақомдори амрикоӣ бо ҳайати профессорону донишҷӯён шинос шудааст ва бо донишҷӯён дар бораи ҳамоиши тарафайн - COP26 ва роҳҳои пешгирии тағйирёбии иқлим суҳбат кардааст.
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031750577_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_14ea8d21ee51986396edf7addc088551.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб, бадахшон, зебоиҳо, тоҷикистон, има, сафорат
вмкб, бадахшон, зебоиҳо, тоҷикистон, има, сафорат
Мақомдори амрикоиро зебоиҳои Бадахшон ба ваҷд овард: боз меоям - видео
11:45 12.11.2021 (Навсозишуда: 13:01 12.11.2021) Сухангӯи сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз манзараҳои зебои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид кард ва шеъри Носири Хусравро бо забони тоҷикӣ қироат намуд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Мақомдори амрикоӣ, сухангӯи сафорати ИМА дар Тоҷикистон Шефали аз оби чашмаи Носири Хусрав чашиду шеъри нобиғаи адабиёти классики тоҷикро ба забони тоҷикӣ қироат кард ва ба қалъаи Ямчун баромад.
Ин мақомдори амрикоӣ аз меҳмоннавозии мардуми Бадахшон тавсиф карда мегӯяд, боз ба ин макон бармегардад.
Шефали дар назди чашмаи ба номи Носири Хусрав, ки дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, ду мисрае аз эҷодиёти ин нобиғаро қироат кард.
"Салом ба дӯстон аз чашмаи Носири Хусрав. Бисёр оби соф ва ширин. Аз меҳмонавозии мардуми Бадахшон хушҳолам ва умед дорам, ки боз ба ин ҷо баргардам!", - мегӯяд ӯ.
Шефали ҳамчунин аз манзараҳои зебои ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла Қалъаи Ямчун боздид кардааст.
Дар шарҳи наворе, ки ин мақомдори амрикоӣ дар саҳифаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар "Instagram" зери навои суруди овозхони бадахшонӣ Борис - "Ай гул" нашр кардааст, гуфта мешавад, ки Шефали аз дидани манзараҳои зебои қалъа ҳайратзада шудааст.
Шефали дар ин сафари худ ҳамчунин дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарони лоиҳаҳое, ки аз тарафи сафорати Амрико ва USAID маблағгузорӣ шудаанд вохӯрдаасту аз кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дидан намудааст.
Ин ҷо мақомдори амрикоӣ бо ҳайати профессорону донишҷӯён шинос шудааст ва бо донишҷӯён дар бораи ҳамоиши тарафайн - COP26 ва роҳҳои пешгирии тағйирёбии иқлим суҳбат кардааст.