Сафи донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия ба маротиб зиёд мешавад

© Sputnik Студенты факультета русской филологии СамГУ
Студенты факультета русской филологии СамГУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Мақомот барои фароҳам овардани шароити ҷолиб барои таҳсили хориҷиён дар кишвар иқдом мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар Русия шумораи квотаҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт.
Агар имсол 18 ҳазор донишҷӯ интихоб шуда бошад, пас дар соли 2023 "ин теъдод ба 30 ҳазор мерасад", - гуфт Алексей Левченко, иҷрокунандаи вазифаи директори департаменти сиёсати давлатии Вазорати маорифи Русия.
Студенты в аудитории МПГУ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Русия
Русия ба се гурӯҳи донишҷӯёни хориҷӣ грант медиҳад: ба кӣ ва чӣ миқдор?
Ба гуфтаи ӯ, масъулияти таҳияи механизми ҳамкории муштарак, интихоби донишҷӯёни хориҷӣ ба "Россотрудничество" ва Вазорати корҳои хориҷӣ вогузор шудааст.
Қаблан дар бораи нақшаҳои Русия барои додани грант ба се категорияи донишҷӯёни хориҷӣ хабар дода шуда буд. Донишҷӯён метавонанд аз соли 2022 ин маблағҳои грантиро дарёфт кунанд.
Илова бар ин Думаи давлатӣ аллакай пешниҳоди додани иҷозаи зисти "содашуда" ба ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ пас аз хатми донишгоҳро дастгирӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0