Даргузашти Виктор Коклюшкин, нависанда ва ҳаҷвнигори шинохтаи Русия

Виктор Коклюшкин
Виктор Коклюшкин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2021
Обуна шудан
Виктор Коклюшкин, нависанда ва ҳаҷвнигори шинохтаи Русия дар синни 75-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Сабаби даргузашти Виктор Коклюшкин бемории дил гуфта шудааст, хабар дод шабакаи телевизионии "Россия-24".
Яке аз саҳифаҳои мушкили ҳаёти нависанда ҷудошавияш аз зани якум дар солҳои 80-уми асри гузашта гуфта мешавад, ки ҳамсараш бо марди дигаре пайвасту адиб рӯ ба шароб овардаст.
Афсурдагӣ ҳатто баъди мулоқоташ бо зани дуюм Олга Злотник низ идома доштааст, аммо дар ниҳоят бо пофишории ҳамсар нависанда худро ба даст ва алайҳи майзадагӣ табобат гирифтааст.
Муким Абдуфаттоев директор театр Пушкин в городе Бустон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Ғарқшавии Гулбаҳор: чаро ӯ ва Сулаймонро Муқимҷон ба об тела дод? - видео
Виктор Коклюшкин 27 ноябри соли 1945 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, аз 15-солагӣ дар коргоҳе ба фаъолият парохтааст. Ӯ дар бахшҳои гуногун кор карда, ниҳоят ба рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ рӯй овардааст. Ӯ фаъолияти адабияшро аз соли 1969 оғоз кардааст ва нахустин ҳикояҳои ҳаҷвияш дар нашрияҳои "Маҳфили 12-курсӣ", "Рӯзномаи адабӣ" ва дигар маҷаллаҳо чоп шудаанд.
Аз соли 1985 Коклюшкин ҳамкориро бо телевизион оғоз карда, баъд аз шиносоӣ бо Регина Дубовитская барои барномаҳое чун "Аншлаг", "Смехопанорама", "Кривое зеркало", "Смеяться разрешается", "Измайловский парк", "Клуб юмора" ва ғайра матолиб навиштааст.
Лентаи хабарҳо
0