Зани маҳкумшудаи қазоқ барои мутолиаи 10 китоб ба озодӣ баромад

© Depositphotos.com \ IrochkaЛежащие на книжной полке открытые книги
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Ба шарофати мутолиаи адабиёт маҳкумшудагони Қазоқистон метавонанд пеш аз муҳлате, ки суд муқаррар кардааст, озод шаванд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Зани маҳкумшуда бо мутолиаи 10 китоб ҳукмашро се сол кам кард, менависад Sputnik Қазоқистон.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Раёсати ислоҳотии вилояти Караганда, онҳо дар моҳи январ лоиҳаи ғайриоддӣ – "Хониши бидуни марз"-ро оғоз карданд.
Моҳияти лоиҳа аз он иборат аст, ки маҳкумшудагон бояд миқдори муайяни китобҳоро мутолиа кунанд, баъдан дониши худро тавассути нақл кардан ё навиштани иншо нишон диҳанд.
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2021
Дар кӯчаҳои Душанбе китобхонаҳо пайдо мешаванд
Дар сурати супурдани имтиҳон комиссияи махсус маҳбусонро ҳавасманд мекунад. Яке аз онҳое, ки дар ин лоиҳа иштирок дошт, маҳбуси муассисаи АК-159/9 Лидия буд.
Баробари оншо шудан бо лоиҳаи "Хондани бидуни марз" ӯ яке аз аввалинҳо шуда, дар он иштирок кард.

"Баъд аз мутолиаи 10 китоб ва гирифтани ду ҷоиза Лидия шартан озод шуд", - гуфт ҷонишини сардори ниҳоди ислоҳӣ Назира Қодирова.

Ин зан барои саркашӣ аз пардохти андоз 5 сол равонаи зиндон шуда буд. Вай ду сол дар колонияи занонаи вилояти Караганда адои ҷазо кардааст. Дар натиҷа муҳлати Лидия барои иштирок дар лоиҳа се сол кам ва ӯ аллакай озод шуд.
Феълан беш аз 50 нафар маҳкумшуда дар лоиҳаи "Хондани бидуни марз" ширкат доранд.
Лентаи хабарҳо
0