https://sputnik.tj/20211111/sobyanin-maskav-pushidan-niqob-1043486000.html
Даъвати Собянин аз сокинони Маскав барои ниқобпӯшӣ ва истифодаи "Face Pay"
Даъвати Собянин аз сокинони Маскав барои ниқобпӯшӣ ва истифодаи "Face Pay"
Sputnik Тоҷикистон
Собянин аз москвагиҳо даъват кард, ки режими ниқобро риоя кунанд ва билети бидуни тамосро интихоб кунанд
2021-11-11T16:45+0500
2021-11-11T16:45+0500
2021-11-11T20:32+0500
маскав
сергей собянин
дар русия
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103114/74/1031147499_0:0:3055:1719_1920x0_80_0_0_5def55c6a3978117f950c1ebffe25299.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Мири Маскав Сергей Собянин аз маскавиҳо хост, ки режими ниқобро риоя кунанд ва пардохтҳои чиптаро дар метро бидуни тамос, масалан тавассути низоми "Face Pay" интихоб кунанд. Бояд гуфт, вазъи коронавирус дар Русия вахим боқӣ мемонад: дар охири моҳи октябр шумораи ҳаррӯзаи мубталоён бори аввал аз 40 ҳазор нафар гузашт ва 6 ноябр ба ҳадди аксар, 41,3 ҳазор нафар расид.Дар баробари ин дар ин кишвар мизони рекордии фавт аз COVID-19 сабт шудааст: аз 26 октябр инҷониб аз 1,1 ҳазор нафар бештар ҳамарӯза мефавтад.Оё алайҳи COVID-19 ваксина гирифтани кӯдакон мумкин аст? Посухи пизишкВаксина ҳамчун бехатартарин шакли муҳофизат боқӣ мемонад. Имрӯз теъдоди шаҳрвандони Русия, ки ҳадди ақал ваксинаро гирифтаанд, аз 60 миллион нафар бештар аст.Масъунияти оммавӣ 48 фоизро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20211111/siyosatmador-vaksinbezor-rusiya-tark-1043480851.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103114/74/1031147499_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_3956dd829ff63afcdacde744a0c768ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ниқоб, маскав, ниқобпӯшӣ
Даъвати Собянин аз сокинони Маскав барои ниқобпӯшӣ ва истифодаи "Face Pay"
16:45 11.11.2021 (Навсозишуда: 20:32 11.11.2021) Собянин аз маскавиҳо даъват кард, ки режими ниқобро риоя кунанд ва пардохти бидуни тамосро интихоб намоянд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Мири Маскав Сергей Собянин аз маскавиҳо хост, ки режими ниқобро риоя кунанд ва пардохтҳои чиптаро дар метро бидуни тамос, масалан тавассути низоми "Face Pay" интихоб кунанд.
"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки режими ниқобро риоя кунед. Ин як роҳи осони ҳифзи худ ва сироят накардани дигарон аст. Агар имконпазир бошад, пардохти чиптаро бидуни тамос, масалан тавассути низоми "Face Pay" интихоб кунед", - навиштааст Собянин дар саҳифаи "Twitter"-и худ.
Бояд гуфт, вазъи коронавирус дар Русия вахим боқӣ мемонад: дар охири моҳи октябр шумораи ҳаррӯзаи мубталоён бори аввал аз 40 ҳазор нафар гузашт ва 6 ноябр ба ҳадди аксар, 41,3 ҳазор нафар расид.
Дар баробари ин дар ин кишвар мизони рекордии фавт аз COVID-19 сабт шудааст: аз 26 октябр инҷониб аз 1,1 ҳазор нафар бештар ҳамарӯза мефавтад.
Ваксина ҳамчун бехатартарин шакли муҳофизат боқӣ мемонад. Имрӯз теъдоди шаҳрвандони Русия, ки ҳадди ақал ваксинаро гирифтаанд, аз 60 миллион нафар бештар аст.
Масъунияти оммавӣ 48 фоизро ташкил медиҳад.