Санад: Генерал Мубини толибон ба таҷовузи як кудак муттаҳам шуд

© AP / Khwaja Tawfiq SediqiБоевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Ҳавзаи дувоздаҳуми амниятӣ алайҳи генерал Мубин ба қумандони амниятии Кобул шикоят дарҷ кардааст
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Номаи расмие ба нашр расидааст, ки нишон медиҳад, алайҳи генерал Мубин, чеҳраи телевизионии толибон шикоят дарҷ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба шабакаи “Афғонистон Интернешнал”.
Ин нома аз сӯйи ҳавзаи дувоздаҳуми амниятӣ ба қумандони Кобул фиристода шудааст.
Гуфта шудааст, ки генерал Мубин, дар 9 ақраб як писари хурдсолро дар минтақаи Арзонқимати Кобул таҷовузи ҷинсӣ кардааст.
Ҳавзаи дувоздаҳуми амниятӣ ин номаро ба унвони “мавзуи ҳассос” ба қумандони амниятии толибон дар Кобул ирсол карда ва аз генерал Мубин ба унвони “як мақоми шинохташудаи иморати исломӣ ном бурдааст.
Лентаи хабарҳо
0