Сафари Матвиенко ба Тоҷикистон дар моҳи ноябр лағв шуд

© Sputnik / / Совет Федерации РФПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета Федерации РФ
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета Федерации РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Сафари Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон ба аввали соли 2022 мавқуф гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко имкон дорад, авоили соли оянда аз Тоҷикистон боздид кунад, гуфт муовини раиси Шӯрои Федератсия Николай Журавлев.
Ин сафар дар чаҳорчӯби Форуми VII байнипарлумонии "Русия - Тоҷикистон: зарфияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ" ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан дар назар буд, ки ин чорабинӣ дар нимаи дуюми моҳи ноябри соли 2021 баргузор шавад.
"Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ раисони мо тасмим гирифтанд, ки худи форумро ба аввали соли 2022 ва дар баробари он сафари Валентина Ивановна ба ҷумҳурӣ мавқуф гузоранд", — гуфт Журавлев дар мачлиси комиссияи ҳамкории палатаҳои болоии парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон.
Ин комиссия дар чаҳорчӯби омодагӣ ба Форуми VII байнипарлумонии "Русия - Тоҷикистон: зарфияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ" баргузор мешавад.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2020
Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт
Ноиби раиси Шурои Федератсия изҳори умедворӣ кард, ки ҷаласа ҳузурӣ барпо мегардад.
Тирамоҳи соли гузашта дар Маскав мулоқоти раиси парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко баргузор шуда буд.
Қаблан раиси Шӯрои Федератсия дар чаҳорчӯби Форуми V байналмилалии Русия - Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон барпо шуда буд, ширкат кард.
Лентаи хабарҳо
0