Русия ба Қирғизистон 200 ҳазор воя ваксин мефиристад

© Sputnik / Сергей БатуринДоставка новой партии российской вакцины от коронавирусной инфекции "Спутник Лайт"
Доставка новой партии российской вакцины от коронавирусной инфекции Спутник Лайт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Русия барои харид ва интиқоли ваксина ба Ҷумҳурии Қирғизистон 1,2 миллион доллар ихтисос додааст
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сафорати Русия дар Қирғизистон хабар дод, ки фардо, 12 ноябр 200 000 ваксинаи зидди коронавируси русии "Спутник лайт" ба Бишкек оварда мешавад.
Маросими супоридани ваксина баъд аз зуҳр дар фурудгоҳи Манас сурат хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, Ҳукумати Русия дар чаҳорчӯби кумаки бебозгашт ба Ҷумҳурии Қирғизистон барои хариду интиқоли ин дору 1,2 миллион доллар ҷудо кардааст.
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сиёсатмадор пешниҳод кард, ки ваксинбезорҳо Русияро тарк кунанд
Ваксинаи "Спутник лайт" дар аввали моҳи май дар Русия сабти ном шуда буд, ки самаранокии он 79,4 фоизро ташкил дод. Ин ваксина ҷузъи аввалини ваксинаи "Спутник V" мебошад.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон низ аз Ҳукумати Русия ба таври ройгон 50 000 воя ваксини "Спутник V" дарёфт карда буд.
Ин миқдор ваксинаи сохти Русия 13 август ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд гуфт, "Спутник V" нахустин ваксина дар ҷаҳон аст, ки Русия онро пас аз авҷи коронавирус таҳия кард.
Лентаи хабарҳо
0