https://sputnik.tj/20211111/roh-nadodan-nato-osiyoi-markazi-1043474052.html
Даъвати коршинос барои роҳ надодани нерӯҳои НАТО ба Осиёи Марказӣ
Даъвати коршинос барои роҳ надодани нерӯҳои НАТО ба Осиёи Марказӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ба эътиқоди сиёсатмадор, хуруҷи сареъи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон барои тағйири куллӣ дар вазъ на танҳо дар ин кишвар, балки дар маҷмуъ дар минтақа шароит фароҳам кардааст
2021-11-11T11:45+0500
2021-11-11T11:45+0500
2021-11-22T14:29+0500
афғонистон
нато
осиёи марказӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039149709_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d5d916b3a42eb9c5c1779638bf1e41ab.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Масъалаҳои амнияти минтақаӣ тақозо мекунанд, ки ба ҳузури низомии нерӯҳои НАТО-и аз қаламрави Афғонистон хориҷшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза надиҳанд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба суханони раиси Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия Григорий Карасин. Дар ин бора сиёсатмадор рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни Форуми VII байнипарлумонии "Тоҷикистон - Русия: зарфияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ" изҳори назар кард. Ба гуфти сенатор, кумакҳои башардӯстона барои барқарорсозии иқтисоди Афғонистон метавонад барои ба эътидол овардани вазъ нақши ҳалкунанда бозад. Коршинос қайд кард, ки "хуруҷи сареъ ё фирори нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон барои тағйири куллии вазъи на танҳо ин кишвар, балки дар маҷмуъ минтақа шароит фароҳам овард". Дар робита ба ин ӯ аз мавқеи роҳбарияти Русия ёдовар шуд, ки мегӯяд, вазъ дар минтақаи масъулияти СААД ва сарҳадҳои хориҷии кишварҳои узв на танҳо ноустувор аст, балки барои кишварҳои узв чолишҳои нави воқеан шадид ва хатарҳоеро ба вуҷуд меорад.Яке аз чунин чолишҳо, ба гуфтаи ӯ, ин ҷараёни муҳоҷират аз Афғонистон аст, зеро террористон ва ҷинояткорон метавонанд зери ниқоби гурезаҳо ба кишварҳои ҳамсоя ворид шаванд. Ба гуфти вай, ҳадафҳои ба эътидол овардани вазъ, аз ҷумла ворид кардани намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ба ҳукумати муваққатӣ ва баъдан баргузор кардани интихоботи умумӣ, ки мақомоти нави Афғонистон эълом кардаанд, сазовори эҳтиром аст.Вай афзуд, Маскав ҷонибдори ташкили ҳукумати фарогир аст, ки ба он намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон низ ворид мешаванд.
https://sputnik.tj/20211006/uzbekiston-ima-afghoniston-nazdik-1042677319.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039149709_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_ddd96b4ff09f09e34c75adfd1ee7dca1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нато, осиёи марказӣ, ӯзбекистон, русия
нато, осиёи марказӣ, ӯзбекистон, русия
Даъвати коршинос барои роҳ надодани нерӯҳои НАТО ба Осиёи Марказӣ
11:45 11.11.2021 (Навсозишуда: 14:29 22.11.2021) Ба эътиқоди сиёсатмадор, хуруҷи сареи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон барои тағйири куллии вазъи на танҳо ин кишвар, балки дар маҷмуъ минтақа шароит фароҳам кардааст
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Масъалаҳои амнияти минтақаӣ тақозо мекунанд, ки ба ҳузури низомии нерӯҳои НАТО-и аз қаламрави Афғонистон хориҷшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза надиҳанд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба суханони раиси Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия Григорий Карасин.
Дар ин бора сиёсатмадор рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни Форуми VII байнипарлумонии "Тоҷикистон - Русия: зарфияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ" изҳори назар кард.
Ба гуфти сенатор, кумакҳои башардӯстона барои барқарорсозии иқтисоди Афғонистон метавонад барои ба эътидол овардани вазъ нақши ҳалкунанда бозад.
"Бахши аъзами хароҷоти эҳёи Афғонистон бояд ба дӯши Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, ки масъулияти аслии вазъи буҳронӣ дар минтақаро ба зимма доранд, вогузор шавад", таъкид кард Карасин.
Коршинос қайд кард, ки "хуруҷи сареъ ё фирори нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон барои тағйири куллии вазъи на танҳо ин кишвар, балки дар маҷмуъ минтақа шароит фароҳам овард".
Дар робита ба ин ӯ аз мавқеи роҳбарияти Русия ёдовар шуд, ки мегӯяд, вазъ дар минтақаи масъулияти СААД ва сарҳадҳои хориҷии кишварҳои узв на танҳо ноустувор аст, балки барои кишварҳои узв чолишҳои нави воқеан шадид ва хатарҳоеро ба вуҷуд меорад.
Яке аз чунин чолишҳо, ба гуфтаи ӯ, ин ҷараёни муҳоҷират аз Афғонистон аст, зеро террористон ва ҷинояткорон метавонанд зери ниқоби гурезаҳо ба кишварҳои ҳамсоя ворид шаванд.
"Вазифаи муҳим мубориза бо истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, пешгирӣ аз густариши фаъолияти террористӣ мебошад", - гуфт Карасин.
Ба гуфти вай, ҳадафҳои ба эътидол овардани вазъ, аз ҷумла ворид кардани намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ба ҳукумати муваққатӣ ва баъдан баргузор кардани интихоботи умумӣ, ки мақомоти нави Афғонистон эълом кардаанд, сазовори эҳтиром аст.
Вай афзуд, Маскав ҷонибдори ташкили ҳукумати фарогир аст, ки ба он намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон низ ворид мешаванд.