https://sputnik.tj/20211111/koronavirus-qahramoni-jahon-takhir-guzosht-1043477871.html
Коронавирус боз Қаҳрамонии ҷаҳонро ба таъхир гузошт
Коронавирус боз Қаҳрамонии ҷаҳонро ба таъхир гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни бонувон, ки мебоист моҳи декабри соли ҷорӣ дар Истанбул баргузор шавад, боз ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд 11.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-11T12:15+0500
2021-11-11T12:15+0500
2021-11-11T18:11+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
бокс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039803167_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_91f0e4102fb32bce7ef8fd6aeab3355e.png
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Моҳи декабри соли ҷорӣ Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни бонувон баргузор намешавад, ҳарчанд қаблан замони баргузории ин мусобиқа мувофиқа шуда буд.Анҷумани байналмилалии бокси ҳаваскорӣ иллати ба таъхир мондани қаҳрамониро бемории коронавирус арзёбӣ кард.Манбаъ меафзояд, мусобиқаи мазкур на моҳи декабри соли ҷорӣ, балки моҳи марти соли 2022 дар Туркия баргузор мешавад.Дар ҳамин ҳол президенти AIBA Умар Кремлев изҳор доштааст, ки лағв шудани қаҳрамонӣ аксари варзишгаронро ноумед мекунад, "зеро онҳо омодагии ҷиддӣ дидаанд".Ба гуфтаи ӯ, бехатарӣ ва солимии варзишгарон аввалиндараҷа аст ва онҳо хатари идомаи ин қаҳрамониро ба дӯш намегиранд.
https://sputnik.tj/20211111/khushqadam-shohida-varzishgar-tojikiston-1043467702.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1c/1039803167_55:0:945:667_1920x0_80_0_0_02108a3d2a53f20282430a731d4b4282.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, бокс
дар ҷаҳон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, бокс
Коронавирус боз Қаҳрамонии ҷаҳонро ба таъхир гузошт
12:15 11.11.2021 (Навсозишуда: 18:11 11.11.2021) Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни бонувон, ки мебоист моҳи декабри соли ҷорӣ дар Истанбул баргузор шавад, боз ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Моҳи декабри соли ҷорӣ Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни бонувон баргузор намешавад, ҳарчанд қаблан замони баргузории ин мусобиқа мувофиқа шуда буд.
Анҷумани байналмилалии бокси ҳаваскорӣ иллати ба таъхир мондани қаҳрамониро бемории коронавирус арзёбӣ кард.
Манбаъ меафзояд, мусобиқаи мазкур на моҳи декабри соли ҷорӣ, балки моҳи марти соли 2022 дар Туркия баргузор мешавад.
"Шумораи зиёди федератсияҳои миллӣ дар дохили кишварҳояшон бо вазъияти душвору маҳдудиятҳо рӯ ба рӯянд. Ба ин далел Шӯрои мудирони AIBA дар мувофиқа бо Федератсияи бокси Туркия тасмим гирифт, ки Қаҳрамонии ҷаҳон миёни бонувонро ба моҳи марти соли 2022 мавқуф гузорад", - омадааст дар хабари AIBA.
Дар ҳамин ҳол президенти AIBA Умар Кремлев изҳор доштааст, ки лағв шудани қаҳрамонӣ аксари варзишгаронро ноумед мекунад, "зеро онҳо омодагии ҷиддӣ дидаанд".
Ба гуфтаи ӯ, бехатарӣ ва солимии варзишгарон аввалиндараҷа аст ва онҳо хатари идомаи ин қаҳрамониро ба дӯш намегиранд.