Барфу борон, меҳ ва 21 дараҷа сардӣ: пешгӯии обуҳавои Тоҷикистон

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон бориши барфу борон, фаромадани тормеғ ва то 21 дараҷа сард шудани ҳаво дар шарқи ВМКБ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти барф дар назар аст. Рӯзона ҳаво бебориш мешавад.
Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешаванд. Ҳамзамон ҳаво дар қисмати шарқӣ шабона 16-21 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шиддатнокии шамол дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мерасад. Дамои ҳаво шабона ба 0- 5 ва рӯзона ба 11-16 дараҷа мерасад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст. Дамои ҳаво шабона 2 - 7 ва рӯзона 13-18 дараҷа аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти Ғарб бо гузариш ба Шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0