https://sputnik.tj/20211110/tojikistoni-latukub-pulis-tumen-hukm-1043427241.html
Тоҷикистонӣ барои латукӯби пулис дар Тюмен ҳукми зиндон гирифт
Тоҷикистонӣ барои латукӯби пулис дар Тюмен ҳукми зиндон гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон бо вуҷуди узрпурсии ӯ аз кормандони милиса эълон шуд ва ӯро 4 сол равонаи зиндон намуданд 10.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-10T16:15+0500
2021-11-10T16:15+0500
2021-11-10T19:53+0500
муҳоҷират
зиндон
ҳукм
шаҳрванди тоҷикстон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102121/30/1021213008_0:18:3073:1746_1920x0_80_0_0_91074781e1054b3ef4a39cc0d8a4ec83.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Тюмен ҳукми шаҳрванди 31 -солаи Тоҷикистонро эълон кард, хабар медиҳад котиботи додгоҳи ин ноҳия.Шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи соли равон аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуда буд. Ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин Ёрии таъҷилӣ дар як манзил дар ҳоле дарёфтанд, ки сархуш ва оғуштаи хун буд.Новобаста аз захмӣ будани худ ӯ ба кормандони Ёрии таъҷилӣ имкони муоина карданашро надод. Барои ором кардани ӯ яке аз кормандони пулис кӯшиш кард, аммо тоҷикистонӣ бо электрошокер ба сари ӯ зарба задааст.Маҳз ба хотири истифода аз зӯроварӣ дар нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ, номбурда муддати 4 сол равонаи зиндон шуд.Зикр мегардад, ки дар мурофиаи судӣ шаҳрванди Тоҷикистон қисман гуноҳашро ба эътироф намуда ва аз кормандони пулис узрпурсӣ намудааст. Аммо бо вуҷуди ин додгоҳ ӯро ба 4 соли ҳабс маҳкум кард.Гуфта мешавад, ин ҳукм ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва шаҳрванди Тоҷикистон метавонад аз болои он шикоят барад.
https://sputnik.tj/20210914/podmoskovie-muhojir-tojik-tajovuz-qatl-nafaqakhur-muttaham-1042247476.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102121/30/1021213008_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_eaf1b4d3fb3c571a932998f93a2b36ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, зиндон, ҳукм, шаҳрванди тоҷикстон, дар русия
муҳоҷират, зиндон, ҳукм, шаҳрванди тоҷикстон, дар русия
Тоҷикистонӣ барои латукӯби пулис дар Тюмен ҳукми зиндон гирифт
16:15 10.11.2021 (Навсозишуда: 19:53 10.11.2021) Ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон бо вуҷуди узрпурсии ӯ аз кормандони милиса эълон шуд ва ӯро 4 сол равонаи зиндон намуданд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Тюмен ҳукми шаҳрванди 31 -солаи Тоҷикистонро эълон кард, хабар медиҳад котиботи додгоҳи ин ноҳия.
Шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз моҳи январи соли равон аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуда буд. Ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин Ёрии таъҷилӣ дар як манзил дар ҳоле дарёфтанд, ки сархуш ва оғуштаи хун буд.
Новобаста аз захмӣ будани худ ӯ ба кормандони Ёрии таъҷилӣ имкони муоина карданашро надод. Барои ором кардани ӯ яке аз кормандони пулис кӯшиш кард, аммо тоҷикистонӣ бо электрошокер ба сари ӯ зарба задааст.
Маҳз ба хотири истифода аз зӯроварӣ дар нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ, номбурда муддати 4 сол равонаи зиндон шуд.
Зикр мегардад, ки дар мурофиаи судӣ шаҳрванди Тоҷикистон қисман гуноҳашро ба эътироф намуда ва аз кормандони пулис узрпурсӣ намудааст. Аммо бо вуҷуди ин додгоҳ ӯро ба 4 соли ҳабс маҳкум кард.
Гуфта мешавад, ин ҳукм ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва шаҳрванди Тоҷикистон метавонад аз болои он шикоят барад.