https://sputnik.tj/20211110/tabrikot-rahmon-guldasta-suzani-1043395189.html
Паёми табрикии Раҳмон ба Азуле: ба ӯ гулдаста ва сӯзанӣ тақдим карданд - акс
Паёми табрикии Раҳмон ба Азуле: ба ӯ гулдаста ва сӯзанӣ тақдим карданд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон табрикоти президенти Тоҷикистонро ба мудири кулли ЮНЕСКО расонид
2021-11-10T13:30+0500
2021-11-10T13:30+0500
2021-11-10T18:22+0500
порис
табрикот
юнеско
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0a/1043394723_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_7a214418239922e2d82051bfb08e2ab6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Порис иҷлосияи 41-уми Конфронси кулли ЮНЕСКО дар бораи масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баргузор шуд. Дар ин маросим Одре Азуле дигарбора ба вазифаи мудири кулли ташкилот интихоб гардид.Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард. Ӯ дар ҳошияи ин чорабинӣ бо мудири кулли ЮНЕСКО Одре Азуле дидору мулоқот кард, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.Дар ин дидор вазир ба сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баҳои баланд дода, паёми табрикии кишвардорро ба ӯ расонд.Аз аксҳое, ки ВУХ Тоҷикистон нашр кардааст, дида мешавад, ки ба хонум Азуле як гулдастаи бузург иборат аз гулҳои садбарги гӯлобӣ, гарданбанди сафеди бо гулҳои чакан дӯхташуда ва нигорае тақдим карданд.Манбаъ афзуда, ки ҷониби Тоҷикистон ба мудири кул барои мусоидат дар баргузорӣ ва иштироки бевосита дар якҷоягӣ бо Президенти Тоҷикистон дар чорабинии бошукӯҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (14 октябри 2021) арзи сипос намуд.Муҳриддин баҳри расидан ба дастовардҳои нави ҳамкориҳои Тоҷикистон дар кулли самтҳои мавриди таваҷҷуҳи созмон изҳори умедворӣ кард.
порис
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0a/1043394723_0:0:1201:900_1920x0_80_0_0_a1ed0e64d885318a8827082fe29a5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
юнеско, гулдаста, муҳриддин, тоҷикистон
юнеско, гулдаста, муҳриддин, тоҷикистон
Паёми табрикии Раҳмон ба Азуле: ба ӯ гулдаста ва сӯзанӣ тақдим карданд - акс
13:30 10.11.2021 (Навсозишуда: 18:22 10.11.2021) Вазири умури хориҷии Тоҷикистон паёми табрикии президентро ба мудири кулли ЮНЕСКО расонд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Порис иҷлосияи 41-уми Конфронси кулли ЮНЕСКО дар бораи масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баргузор шуд. Дар ин маросим Одре Азуле дигарбора ба вазифаи мудири кулли ташкилот интихоб гардид.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард. Ӯ дар ҳошияи ин чорабинӣ бо мудири кулли ЮНЕСКО Одре Азуле дидору мулоқот кард, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.
Дар ин дидор вазир ба сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баҳои баланд дода, паёми табрикии кишвардорро ба ӯ расонд.
"Мавсуфро аз номи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби мудири кулли ин созмон ба муҳлати дуюм бо изҳори дастёбӣ ба комёбиҳои нави касбӣ табрику таҳният гуфт", - омадааст дар хабар.
Аз аксҳое, ки ВУХ Тоҷикистон нашр кардааст, дида мешавад, ки ба хонум Азуле як гулдастаи бузург иборат аз гулҳои садбарги гӯлобӣ, гарданбанди сафеди бо гулҳои чакан дӯхташуда ва нигорае тақдим карданд.
Манбаъ афзуда, ки ҷониби Тоҷикистон ба мудири кул барои мусоидат дар баргузорӣ ва иштироки бевосита дар якҷоягӣ бо Президенти Тоҷикистон дар чорабинии бошукӯҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (14 октябри 2021) арзи сипос намуд.
Муҳриддин баҳри расидан ба дастовардҳои нави ҳамкориҳои Тоҷикистон дар кулли самтҳои мавриди таваҷҷуҳи созмон изҳори умедворӣ кард.