IRS роҳи "Душанбе - Чаноқ"-ро аз барф тоза кард - акс

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSГрузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане
Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Ширкати саҳомии "Инновейтив роуд солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон, ки ба нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ муваззаф аст, мегӯяд, барои ҳаракати бехавфи мошинҳо дар роҳ маводи зиддилағжиш мепошад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ феълан борону барф меборад. Ширкати саҳомии "Инновайтив роуд солюшнз ЛТД" дар сафҳаи "Facbook" чанд акс аз барфрезӣ дар ин масиррро нашр намуд.
Манбаъ зикр намудааст, ки дар километри 51 то 160 бориши барфу борон идома дорад ва ҳамзамон меҳ фаромадааст.
Ширкати мазкур, ки нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқро ба зимма дорад, мегӯяд, мунтазам роҳро аз барф тоза мекунад ва барои ҳаракати бехавфи мошинҳо дар роҳ маводи зиддилағжиш пошидааст.
Дар ҳамин ҳол IRS аз тамоми ронандагон хоҳиш намудааст, ки бехатарии ҳаракат дар роҳро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу мусофиронро дар хатар нагузоранд.
Лентаи хабарҳо
0