Рӯзи милитсия ва зодрӯзи Аълохон Афсаҳзод: 10 ноябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 10 ноября
День 10 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Даҳуми ноябр дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия, Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд мебошад

Рӯзи 10-уми ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1775 флоти ҳарбии ИМА таъсис шуд.
Соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон бунёд ёфт.
Соли 1957 дар Лос Анҷелес рекорди қатъии иштироки мухлисон дар бозии футбол гузошта шуд: бозиро 102 ҳазору 368 нафар мухлисӣ кард.
День 9 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Рӯзи мубориза бо фашизм ва зодрӯзи Қаҳҳоров: 9 ноябр дар таърих
Соли 1994 Ироқ истиқлоли Кувейтро эътроф намуд.
Соли 1997 дар ИМА аввалин маротиба ҳукми суд дар интернет паҳн гардид.

Рӯзи 10-уми ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1961 шаҳри Сталинобод ба Душанбе ивази ном кард.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Соли 2012 масоили мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои энергетика, сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва сарҳадҳо муҳокима гардид.
Соли 2013 дар шаҳри Ваҳдат дар пайи заминларза 118 хона пурра, 259 манзил қисман хароб шуд ва 12 кас ҷароҳат бардошт.
День 7 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Зодрӯзи Мусо Диноршоев ва Абдурашид Хуҷамқулов: 7 ноябр дар таърих
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи милитсияи тоҷик ба 50 ходими сохторҳои тобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим кард.
Соли 2015 масоили ҳамкории судманду дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бритониёи Кабир баррасӣ гардиданд.
Соли 2017 Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар робита ба муваффақона гузаронидани бозии Ҷоми КФО -2017 раҳматнома фиристод.
Солм 2019 Хушқадам Хусравов, самбочии тоҷик дар вазни 62 кило дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Соли 2019 таэквондочии ҷавони кишвар Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин сазовори медали нуқра гардид.

Ҷашнҳои 10 ноябр

Дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия.
Рӯзи байналмилалии ҷавонон.
Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд.

Даҳуми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1923 – муҳаққиқи рус Юрий Рубинчик.
Соли 1925 – профессор Маҳмадалӣ Ҳамроев.
Соли 1935-1999 – доктори илмҳои филологӣ Аълохон Афсаҳзод.
Соли 1939 – шоираи русиягӣ ва мутарҷими забони тоҷикӣ Татяна Кузовлева.
Соли 1940-1990 - шоири тоҷикзабони Узбакистон Ҷонибек Кувноков.
Соли 1945 – академик, доктори илмҳои кимиё Улмас Мирсаидов.
Соли 1955 – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров.
Соли 1959 – доктори илмҳои таърих Абдулҳаким Розиқзода.
Лентаи хабарҳо
0