Овозхонии паҳлавони тоҷик дар Х-Фактор: тавсифи Олга Бузова ва Серёга - видео

Обуна шудан
Фахриддин Ҳакимов, овозхон ва паҳлавони тоҷик дар барномаи Х-Фактор дар Беларус бо овозхонияш мухлисон ва доваронро тасхир кард
Ҳакимов гуфт, қаблан майл ба варзиши касбӣ дошту дар риштаи муҳорибаи юнонӣ – римӣ орзуи қаҳрамони олимпӣ шуданро мепарварид. Ӯ афзуд, ба далели бархе омилҳо тарки варзиш намуд, чун бояд пул кор мекарду ба волидон кумак мерасонд ва дар зимн дар худ кам-кам қобилияти овозхониро кашф кард.
Ҳакимов дар Х-Фактор дар Белорус суруди "Рақс болои шиша" ё худ "Танцы на стеклах" - и Максим Фадеевро иҷро карда, мухлисону доваронро тасхир намуд.
Илҳом Тагиров, ки доварони "Голос"-ро тасхир кард, кист?
Олга Бузова, яке аз доварон дар пайи овозхонии Ҳакимов гуфт, сухане барои тасвири таассуорташро надорад. Серёга афзуд, ки иҷрои суруд хеле ҳаяҷонбахш буда, Ҳакимов ҳатто аз Фадеев беҳтар хонд. Ҳамин тариқ овозхони тоҷик ба даври навбатӣ роҳ ёфт.
Фахриддин Ҳакимов қаблан низ дар барномаи “Ну-ка, все вместе”-и телевизиони Русия беш аз 90 ситораи шоу-бизнеси ин кишварро тасхир ва водор ба ҳамовозӣ карда буд.
Дар барномаи “Ну-ка, все вместе”, иштирокчӣ бояд бо сурудхонияш 100 довар - асосан ситораҳои шоубизнеси Русияро моил мекард, ки бархезанду ҳама якҷоя суруд хонанд. Ҳар қадар довари бештар бо иштирокчӣ ҳамовозӣ кунад, ҳамон қадар холи бештар мегирифт. Фахриддин Ҳакимов дар барнома аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0