https://sputnik.tj/20211109/lavrov-tolibon-hukumatro-farogir-1043351296.html
Умеди Лавров аз "Толибон"*: Ҳукуматро фарогир мекунанду вазъро ором
Умеди Лавров аз "Толибон"*: Ҳукуматро фарогир мекунанду вазъро ором
Sputnik Тоҷикистон
Русия умедвор аст, ки "Толибон"* вазъро дар минтақа ба эътидол хоҳанд овард
2021-11-09T16:05+0500
2021-11-09T16:05+0500
2021-12-22T19:44+0500
афғонистон
эътидол
сергей лавров
вазъ
умед
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_00291b7935310065b1f0b29ae3268f2a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Маскав умедвор аст, ки "Толибон"* вазъро дар Афғонистон ба эътидол меорад ва аз густариши таҳдидҳо ба берун аз кишвар ҷилавгирӣ мекунад, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров. "Мо дар ҳалли масъалаи Афғонистон бархӯрдҳои муштарак дорем ва интизорем, ки тамоми ҳадафҳои эълоншудаи "Толибон"*, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъ дар кишвар, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз густариши низоъ ба кишварҳои ҳамсоя амалӣ хоҳанд шуд. Пештар "Российская газета" навишта буд, ки Русия ва Қазоқистон аз мавқеи ба ҳам мувофиқ бо ҳукумати нави толибон муколама ба роҳ мемонанд.Лавров қайд мекунад, ки Русия ва Қазоқистон мавқеҳои шабеҳ дошта, бо ҳукумати муваққати Афғонистон барои созиши пойдори байни афғонҳо ва амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ муколама роҳандозӣ мекунанд."Муттаҳадӣ ба мо дар ҳалли мушкилоти амалиётӣ кумак мекунад. Мо мунтазам таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддирро, ки аз Афғонистон бармеояд, якҷоя таҳлил мекунем”, - таъкид кард вазири корҳои хориҷии Русия.* -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.
https://sputnik.tj/20211109/jabha-muqovimat-moshin-zirehpush-tolibon-1043340146.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_99:0:2830:2048_1920x0_80_0_0_44e9f1bc2aef9094fae1432335b4892c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"толибон"*, амният, сергей лавров,
"толибон"*, амният, сергей лавров,
Умеди Лавров аз "Толибон"*: Ҳукуматро фарогир мекунанду вазъро ором
16:05 09.11.2021 (Навсозишуда: 19:44 22.12.2021) Русия умедвор аст, ки "Толибон"* вазъро дар минтақа ба эътидол хоҳад овард
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Маскав умедвор аст, ки "Толибон"* вазъро дар Афғонистон ба эътидол меорад ва аз густариши таҳдидҳо ба берун аз кишвар ҷилавгирӣ мекунад, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
"Мо дар ҳалли масъалаи Афғонистон бархӯрдҳои муштарак дорем ва интизорем, ки тамоми ҳадафҳои эълоншудаи "Толибон"*, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъ дар кишвар, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз густариши низоъ ба кишварҳои ҳамсоя амалӣ хоҳанд шуд.
Ва албатта, таъмини ҳукумати фарогир, ки бояд тамоми нерӯҳои асосии этносиёсии кишварро дар бар гирад", - гуфт Лавров дар пайи мулоқот бо котиби равобит бо давлатҳои Ватикан, архиепископ Пол Ричард Галлагер.
Пештар "Российская газета" навишта буд, ки Русия ва Қазоқистон аз мавқеи ба ҳам мувофиқ бо ҳукумати нави толибон муколама ба роҳ мемонанд.
Лавров қайд мекунад, ки Русия ва Қазоқистон мавқеҳои шабеҳ дошта, бо ҳукумати муваққати Афғонистон барои созиши пойдори байни афғонҳо ва амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ муколама роҳандозӣ мекунанд.
"Муттаҳадӣ ба мо дар ҳалли мушкилоти амалиётӣ кумак мекунад. Мо мунтазам таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддирро, ки аз Афғонистон бармеояд, якҷоя таҳлил мекунем”, - таъкид кард вазири корҳои хориҷии Русия.
* -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.