https://sputnik.tj/20211109/lavrov-rusiya-tahdid-afghoniston-tahlil-1043336698.html
Лавров гуфт, Русия ҳама таҳдидҳо аз Афғонистонро таҳлил мекунад
Лавров гуфт, Русия ҳама таҳдидҳо аз Афғонистонро таҳлил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сергей Лавров гуфт, Русия ва Қазоқистон аз мавқеъи ба ҳам мувофиқ бо ҳукумати нави толибон муколама эҷод мекунанд
2021-11-09T10:24+0500
2021-11-09T10:24+0500
2021-11-09T11:38+0500
афғонистон
қазоқистон
сергей лавров
осиёи марказӣ
гурӯҳи террористии "толибон"
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043336019_0:65:2837:1661_1920x0_80_0_0_c775f968b8fad8a646db8fe52d2a438e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия дар якҷоягӣ бо Қазоқистон таҳдидҳои аз Афғонистон омадаро таҳлил мекунад, омадааст дар матлабе, ки дар "Российская газета" нашр шудааст.Лавров қайд мекунад, ки Русия ва Қазоқистон мавқеҳои шабеҳ дошта, бо ҳукумати муваққати Афғонистон барои созиши пойдори байни афғонҳо ва амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ муколама роҳандозӣ мекунанд.Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки тибқи шартномаи байни Қазоқистон ва Русия дар бораи ҳамсоягии нек ва иттифоқ дар асри 21, кишварҳо сиёсати хориҷии ҳамоҳангшуда бар асоси тааҳҳудоти иттифоқӣ ва истифода аз имконоти иттиҳодияҳои бисёрҷонибаро пеш мебаранд.Сергей Лавров афзуд, ки иқдомоти ҳамоҳангшудаи Маскав ва Нурсултон имкон медиҳад, ки “сатҳи зарурии амният”, ҳамчунин дахлнопазирии марзҳои ду кишвар ва “ҳампаймонҳои наздик” таъмин карда шавад.
https://sputnik.tj/20211101/lavrov-om-terroriston-afghoniston-himoyat-1043199032.html
афғонистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043336019_51:0:2780:2047_1920x0_80_0_0_435175eddc4117c3ca6bd5eb24a81f26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров русия таҳдид афғонистонро таҳлил
лавров русия таҳдид афғонистонро таҳлил
Лавров гуфт, Русия ҳама таҳдидҳо аз Афғонистонро таҳлил мекунад
10:24 09.11.2021 (Навсозишуда: 11:38 09.11.2021) Сергей Лавров гуфт, Русия ва Қазоқистон аз мавқеи ба ҳам мувофиқ бо ҳукумати нави толибон муколама ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия дар якҷоягӣ бо Қазоқистон таҳдидҳои аз Афғонистон омадаро таҳлил мекунад, омадааст дар матлабе, ки дар "Российская газета" нашр шудааст.
Лавров қайд мекунад, ки Русия ва Қазоқистон мавқеҳои шабеҳ дошта, бо ҳукумати муваққати Афғонистон барои созиши пойдори байни афғонҳо ва амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ муколама роҳандозӣ мекунанд.
"Муттаҳадӣ ба мо дар ҳалли мушкилоти амалиётӣ кӯмак мекунад. Мо мунтазам таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддирро, ки аз Афғонистон бармеояд, якҷоя таҳлил мекунем”, - таъкид кард вазири корҳои хориҷии Русия.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки тибқи шартномаи байни Қазоқистон ва Русия дар бораи ҳамсоягии нек ва иттифоқ дар асри 21, кишварҳо сиёсати хориҷии ҳамоҳангшуда бар асоси тааҳҳудоти иттифоқӣ ва истифода аз имконоти иттиҳодияҳои бисёрҷонибаро пеш мебаранд.
Сергей Лавров афзуд, ки иқдомоти ҳамоҳангшудаи Маскав ва Нурсултон имкон медиҳад, ки “сатҳи зарурии амният”, ҳамчунин дахлнопазирии марзҳои ду кишвар ва “ҳампаймонҳои наздик” таъмин карда шавад.