https://sputnik.tj/20211109/dukhtaron-afgoniston-burqa-1043343792.html
Зиндагии зери чодар: духтарони Афғонистон бо бурқаъ - гузориши тасвирӣ
Зиндагии зери чодар: духтарони Афғонистон бо бурқаъ - гузориши тасвирӣ
Sputnik Тоҷикистон
Бурқаъ як навъи сарбанди маъмулии занони Афғонистон аст, ки дар он танҳо ҷойи чашм намоён ҳаст. Онро ниқоб, рӯбанд, чашмбанд ё пардаи рӯйпӯши занон низ мегӯянд.
2021-11-09T15:25+0500
2021-11-09T15:25+0500
2021-12-22T19:44+0500
акс
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343798_0:399:2049:1551_1920x0_80_0_0_1652e202718899054ec0455937c16f94.jpg
* - созмони таҳти таҳримоти СММ
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343798_0:207:2049:1743_1920x0_80_0_0_6a52ed3e0d2519c6e375784370072458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
духтарони афғон, бурқаъ, чодар, фаранҷӣ
духтарони афғон, бурқаъ, чодар, фаранҷӣ
Зиндагии зери чодар: духтарони Афғонистон бо бурқаъ - гузориши тасвирӣ
15:25 09.11.2021 (Навсозишуда: 19:44 22.12.2021) Бурқаъ як навъи сарбанди маъмулии занони Афғонистон аст, ки дар он танҳо чашм намоён ҳаст. Онро ниқоб, рӯбанд, чашмбанд ё пардаи рӯйпӯши занон низ мегӯянд. Феълан, дар аҳди "Толибон"* пӯшидани бурқаъ барои занони афғон ҳатмӣ шудааст.

Ин акс 22 сентябри соли 2021 гирифта шудааст.
Зани бурқапӯш дар автобуси ҷамъиятӣ дар Кобул.

Занони афғонистонӣ дар тан чодари сиёҳ ҳангоми боридани барф дар канори қалъаи куҳнаи Болоҳисор, дар Кобул, сайругашт мекунанд. Ин акс 4 январи соли 2019 гирифта шудааст.

21 ноябри соли 2021. Ҳангоми тақсими ғизо аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Кобул як зани ҷавони афғонистонӣ пас аз бардошти рӯймол табассум мекунад ва интизори навбати худ барои дарёфти кӯмаки ғизоӣ аст.
Шумораи зиёди афғонистониҳо, аз ҷумла теъдоди зиёди бевазаноне, ки шавҳаронашон дар тӯли беш аз 20 соли ҷанг кушта шудаанд, аз барномаҳои кумак истифода мекунанд. Ин як роҳ барои зинда мондан аст.

Дар ин аксе, ки 26 июни соли 2018 гирифта шудааст, як зани бурқапӯши афғонистониеро сари роҳе дар Ҳирот, ки дар даст қуттӣ дорад, мебинед.

Як зани бурқапӯш ҳангоми тақсими ғизо аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Кобул дар навбат истодааст.
Акс 6 ноябри соли 2021 гирифта шудааст.

Занони афғонистонӣ дар тан бурқаъ дар як бозори Кобул доира интихоб мекунанд.

31 августи соли 2021. Зане бо фарзандонаш дар кӯчае дар Кобул сайругашт мекунад.

23 сентябри соли 2016. Дар Мазори Шариф як зани афғонистонӣ аз миёни хонаи тахрибшуда мегузарад.

Занҳо дар кӯли Банди Амир дар рӯзи истироҳат дар Бомиён, маркази Афғонистон, дар назди қаиқҳо истодаанд.
Банди Амир ҷои дидание барои сокинони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар Афғонистон аст.
Акс 26 августи соли 2021 гирифта шудааст.

1 октябри соли 2020. Хонумҳо дар як мағозаи либоси занона дар Қандаҳор ба харидуфурӯш машғуланд.

8 октябри соли 2021. Ду хонум дар боғи Чамани шуҳадои Кобул.

22 сентябри соли 2021. Зане дар бозори Қандаҳор либосҳоро тамошо мекунад.

Зане дар саҳни оромгоҳи ҳазрати Алӣ ё Масҷиди кабуд дар шаҳри Мазори Шариф.
Акс 17 апрели соли 2014 гирифта шудааст.

15 сентябри соли 2021. Зан аз назди деворе дар Кобул мегузарад
* - созмони таҳти таҳримоти СММ