https://sputnik.tj/20211108/rusiya-telegram-google-jarima-1043329396.html
Русия "Telegram" ва "Google"-ро боз ҷарима баст
Русия "Telegram" ва "Google"-ро боз ҷарима баст
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Тагански шаҳри Маскав ширкатҳои Telegram ва Google - ро барои гапногирию радди поксозии муҳтаво боз ҷарима баст
2021-11-08T18:40+0500
2021-11-08T18:40+0500
2021-11-08T19:52+0500
ҷарима
мурофиаи додгоҳӣ
манъ
дар русия
телеграм
гугл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102516/71/1025167136_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_194e9bd4a38e56da97e40cf3596e77b6.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Додгоҳ "Google"-ро барои пок накардани матлаби мамнуъ боз ду миллион рубл ҷарима баст, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба сухангӯи додгоҳ Зулфия Гуриник. Бо қарори додгоҳ "Google" LLC дар нақзи қоидаҳои маъмурӣ гунаҳкор дониста ва ба пардохти 2 миллион рубл ҷаримаи маъмурӣ муваззаф шуд. Тибқи қарори дигари додгоҳ, паёмрасони "Telegram" низ барои радди дархости пок кардани матолиби мамнуъ дар қоидвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста ва ба пардохти 4 миллион рубл уҳдадор шудааст. Мақомоти додгоҳ мегӯянд, чунин қарорҳо алайҳи чанд ширкати дигар низ дар назар аст. Додгоҳҳои Русия то аввали моҳи ноябри соли равон дар маҷмуъ "Facebook", "Twitter", "Telegram", "Google" ва "TikTok"-ро барои тоза накардани ахбори мамнуъ дар ҳаҷми 180 миллион рубл ҷарима бастаанд. Аз ҷумла "Telegram" то аввали ноябр ба маблағи 35 миллион рубл ва "Google" ба андозаи 32,5 миллион рубл ҷарима шудаанд.
https://sputnik.tj/20210611/roskomnadzor-natija-sanjishho-twitter-facebook-google-1040159775.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102516/71/1025167136_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_31480aa823e9ee1aa13abd25f8d9087d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
додгоҳ, таганск, ширкат, телеграм, ҷарима
додгоҳ, таганск, ширкат, телеграм, ҷарима
Русия "Telegram" ва "Google"-ро боз ҷарима баст
18:40 08.11.2021 (Навсозишуда: 19:52 08.11.2021) Додгоҳи ноҳияи Тагански шаҳри Маскав ширкатҳои "Telegram" ва "Google"-ро барои саркашию радди поксозии мавод боз ҷарима баст
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Додгоҳ "Google"-ро барои пок накардани матлаби мамнуъ боз ду миллион рубл ҷарима баст, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба сухангӯи додгоҳ Зулфия Гуриник.
Бо қарори додгоҳ "Google" LLC дар нақзи қоидаҳои маъмурӣ гунаҳкор дониста ва ба пардохти 2 миллион рубл ҷаримаи маъмурӣ муваззаф шуд.
Тибқи қарори дигари додгоҳ, паёмрасони "Telegram" низ барои радди дархости пок кардани матолиби мамнуъ дар қоидвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста ва ба пардохти 4 миллион рубл уҳдадор шудааст.
Мақомоти додгоҳ мегӯянд, чунин қарорҳо алайҳи чанд ширкати дигар низ дар назар аст.
Додгоҳҳои Русия то аввали моҳи ноябри соли равон дар маҷмуъ "Facebook", "Twitter", "Telegram", "Google" ва "TikTok"-ро барои тоза накардани ахбори мамнуъ дар ҳаҷми 180 миллион рубл ҷарима бастаанд. Аз ҷумла "Telegram" то аввали ноябр ба маблағи 35 миллион рубл ва "Google" ба андозаи 32,5 миллион рубл ҷарима шудаанд.