Размоиши "Бародарони абадӣ" бо ширкати Тоҷикистон дар Қазон оғоз шуд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкУчения стран ОДКБ в Таджикистане
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Аз 8 то 12 ноябр дар Тотористон тамрини нерӯҳои посдори сулҳи СПАД “Бародарони абадӣ” баргузор мешавад.
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Қазон машқҳои нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) "Бародарони абадӣ" оғоз мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Аз 8 то 12 ноябр дар Тотористон бо ширкати беш аз 1,7 ҳазор нафар машқҳои низомӣ баргузор мешаванд.

"Аз 8 то 12 ноябр дар тамрингоҳи Мактаби фармондеҳии олии танкии Қазон машқҳои муштарак бо Қӯшунҳои дастаҷамъии сулҳовари Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ "Бародарони абадӣ - 2021" доир мешавад", - гуфта мешавад дар иттилоияи ниҳоди низомӣ.

Низомиёни Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тамрини амалҳои муштарак дар Русия ҷамъ омадаанд.
Дар ин тамринҳо аз Русия низомиёни воҳиди ҷудогонаи посдори сулҳи Ҳавзаи марказии низомии вилояти Самара ширкат хоҳанд кард.
Омӯзиш дар ду марҳила сурат мегирад. Дар ин раванд тарҳрезӣ ва баргузории амалиёти посдори сулҳ, иқдомоти муштараки кишварҳои узви СПАД ҷиҳати ташкили лагери гурезаҳо ва ҳифзи он, гусел кардани корвонҳо бо борҳои башардӯстона ва хидмат дар гузаргоҳҳо таҳия хоҳад шуд.
Иностранные дипломаты посетили военные училища Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Низомиёни Тоҷикистон барои иштирок дар машқҳои СААД ба Қазон расиданд
Дар ҷамъбасти тамрин низомиён иҳотаи мавзеи аҳолинишине, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ тасарруф шудааст ва аз байн бурдани онҳоро машқ хоҳанд кард.
Дар ин тамринот беш аз 1,7 ҳазор нафар бо беш аз 300 техникаи низомӣ, аз ҷумла ҳашт чархболи Ми-8 ва Ми-24-и Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ширкат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон машқҳои СПАД дар тамрингоҳҳои Ҳарбмайдон ва Момирак баргузор шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0