https://sputnik.tj/20211108/razmoishi-navi-rusiya-dar-tojikiston-1043320834.html
Размоиши нави Русия дар Тоҷикистон
Размоиши нави Русия дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон размоиши нав сурат мегирад
2021-11-08T14:57+0500
2021-11-08T14:57+0500
2021-11-08T15:57+0500
дар тоҷикистон
саад
машқҳои низомӣ
размоиш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237432_0:0:3081:1734_1920x0_80_0_0_db392af21072a2c1d87e6b62f06ab0dc.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Русия дар размоишгоҳҳои Тоҷикистон мунтазам тамринҳои низомӣ баргузор мекунад, гуфт фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, генерали рус Александр Лапин.Қарор аст, ин размоиш дар нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор шавад."Дар Тоҷикистон машқҳои вижае хоҳем дошт, боз бармегардем. Аллакай дар нимаи дуюми моҳи ноябр машқҳои нерӯҳои вижа дар тамрингоҳи Лоҳур сурат мегиранд", - гуфт ӯ дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони марҳилаи ноҳиявии Фестивали матбуотии "Central Mediaas 2021".Аммо оқои Лапин дақиқ нагуфт, ки чанд низомӣ дар ин тамринҳо иштирок хоҳанд кард.Фармондеҳ ҳамчунин ёдовар шуд, ки Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар заминаи таназзули вазъи низомию сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя беш аз 20 тамрини ғайримуқаррарӣ дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор кардааст.Вай дар бораи муҳимтарин размоишҳои ахир дар Харбмайдон, Момирак, Самбулӣ, Лоҳур ёдовар шуд.Қаблан сухангӯи СААД Владимир Зайнетдинов аз баргузории тамриноти махсуси тактикии "Кобалт-2021" дар Тоҷикистон хабар дода буд.Ба гуфтаи ӯ, дар он ҷо саркӯб кардани фаъолияти дастаҳои мусаллаҳи роҳзан тамрин хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20211014/hadaf-tamrin-sarhad-tojikiston-afghoniston-1042838436.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237432_69:0:2800:2048_1920x0_80_0_0_6a949305a84e41185cff641757502f13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон саад, русия, размоиш, машқ, тамринҳои низомӣ
тоҷикистон саад, русия, размоиш, машқ, тамринҳои низомӣ
Размоиши нави Русия дар Тоҷикистон
14:57 08.11.2021 (Навсозишуда: 15:57 08.11.2021) Охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон размоиши нав сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Русия дар размоишгоҳҳои Тоҷикистон мунтазам тамринҳои низомӣ баргузор мекунад, гуфт фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, генерали рус Александр Лапин.
Қарор аст, ин размоиш дар нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор шавад.
"Дар Тоҷикистон машқҳои вижае хоҳем дошт, боз бармегардем. Аллакай дар нимаи дуюми моҳи ноябр машқҳои нерӯҳои вижа дар тамрингоҳи Лоҳур сурат мегиранд", - гуфт ӯ дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони марҳилаи ноҳиявии Фестивали матбуотии "Central Mediaas 2021".
Аммо оқои Лапин дақиқ нагуфт, ки чанд низомӣ дар ин тамринҳо иштирок хоҳанд кард.
Фармондеҳ ҳамчунин ёдовар шуд, ки Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар заминаи таназзули вазъи низомию сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя беш аз 20 тамрини ғайримуқаррарӣ дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор кардааст.
Вай дар бораи муҳимтарин размоишҳои ахир дар Харбмайдон, Момирак, Самбулӣ, Лоҳур ёдовар шуд.
Қаблан сухангӯи СААД Владимир Зайнетдинов аз баргузории тамриноти махсуси тактикии "Кобалт-2021" дар Тоҷикистон хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар он ҷо саркӯб кардани фаъолияти дастаҳои мусаллаҳи роҳзан тамрин хоҳад шуд.