Обу ҳаво дар Тоҷикистон барои 8 ноябр

© Sputnik / Стас ЭтвешВид на Дворец президента в Душанбе
Вид на Дворец президента в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Ҳавосанҷон дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунанд. Сардиҳо бошад, дар манотиқи гуногун ба 9-20 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 9-14, дар баъзе минтақаҳо то 15-20 ва рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Суғдиёнро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Водиҳои шимоли кишвар шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешаванд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона 7-12 дараҷа хунук рӯзона 4-9 дараҷа гарм гузориш шудааст.
Ҳаво дар Хатлон каме гармтар аст. Дамо дар водиҳо шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа болои сифр ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе сардӣ пегӯӣ намешавад. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 13-15 дараҷа хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0