Куҳансолтарин марди Балх дар сини 120-солагӣ даргузашт – акс
20:40 08.11.2021 (Навсозишуда: 20:48 08.11.2021)

© Sputnik / Амир Исаев
Обуна шудан
Халифа Меъроҷиддин, ки зодаи соли 1280-и хуршедӣ (1901-1902 милодӣ) буд, пас аз 120 соли зиндагӣ рӯзи гузашта ва бар асари куҳулат син даргузашт
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Меъроҷиддин, ки умрашро ба кори сохтмонӣ ва меъморӣ гузаронда буд ва машҳур ба Халифа Меъроҷ буд, рӯзи гузашта бо беш аз як қарн зиндагӣ, дар синни 120-солагӣ вафот кард.
Наздикони Халифа Меъроҷ сабаби марги ӯро пирӣ донистаанд.
Солеҳ Муҳаммади Холиқ, раиси собиқи Идораи истихборот ва фарҳанги Балх ва аз наздикони ин пирамард гуфт, Халифа Меъроҷ дар ҳоле ки меъмори коршинос буд, дар муоширати иҷтимоӣ низ як шахсияти хушодоб буд.
کهن سال ترین مردولایت بلخ در سن ۱۲۰ سالگی درگذشت
— Abdul Qader Folad خدمتگار جامعه و مردم (@folad_qader) November 7, 2021
خلیفه معراج الدین ولد عین الدین درسال ۱۲۸۰ تولد شده و پیشه استاد معمار کاری داشت امروز ۱۶ عقرب از اثر کهولت سن در منزل اش وفات نمود
قالو انا لله و انا الیه راجعون
آیا شما کدام شخص مسن تر ازین شخص را میشناسید که در قید حیات باشد pic.twitter.com/OrsMMY6xb7
Вай ба ҷуз аз осори меъмории худ табиати шоирӣ дошт ва гоҳ-гоҳ аз ашъори худу шоирони бузурге ба монанди Ҳофизу Саъдӣ ва Румӣ қироат мекард.
Ӯ дар ташкили вилояти Балх нақши муҳим бозидааст ва ҳамчун меъмори Балх маъруф аст. Вай бисёре аз сохтмонҳои ин вилоят, аз ҷумла таъмири мақоми вилояти Балхро ба дастони ӯ сохта шудааст.
Иллати дарозумрии вай варзиш, корҳои физикӣ ва ривояти шеваи солими зиндагӣ номида шудааст.