https://sputnik.tj/20211107/tojikiston-panjsolai-rushd-teatr-1043301584.html
Таҳияи барномаи панҷсолаи рушди театри тоҷик: Чӣ бояд кард, то театрравҳо зиёд шаванд
Таҳияи барномаи панҷсолаи рушди театри тоҷик: Чӣ бояд кард, то театрравҳо зиёд шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад, барномаи ҷадиди панҷсола дар ҳоли таҳия аст
2021-11-07T15:15+0500
2021-11-07T15:15+0500
2021-11-08T12:35+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
тамошобинон
театр
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833544_0:249:2757:1799_1920x0_80_0_0_d446a5e127f78983aaaa0edadacfa67a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад, соли оянда Барномаи давлатии рушди театр барои солҳои 2023-2028-ро ба ҳукумат пешниҳод намояд.Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг мегӯяд, феълан дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ фаъолият дорад.Таъкид шудааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ 4 театри касбӣ - Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавӣ дар ноҳияи Данғара, Театри тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки “Афсона” дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст.Дар шароити имрӯза барои рушди соҳа ва ҷалби тамошобин Саидов зарур хондааст, ки роҳбарони театрҳо ҳамкорӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ ва адибонро ҷиҳати эҷоди асарҳои драмавии мувофиқ ба завқи тамошобини имрӯза вусъат диҳанд.Дар мавриди таърихи таҷлили Рӯзи театри тоҷик зикр шудааст, ки бори аввал 7 ноябри соли 1929 театри драмавӣ ба кор оғоз кардааст, ки баъдтар, соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гузоштанд.
https://sputnik.tj/20210925/tojikiston-mavsimi-navi-teatri-1042490290.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032833544_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_0f3c7b67f4fbaa7fbe6df9be060f21f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
театр, тоҷик, рушд, таҳия
театр, тоҷик, рушд, таҳия
Таҳияи барномаи панҷсолаи рушди театри тоҷик: Чӣ бояд кард, то театрравҳо зиёд шаванд
15:15 07.11.2021 (Навсозишуда: 12:35 08.11.2021) Дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад, барномаи ҷадиди панҷсола дар ҳоли таҳия аст
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад, соли оянда Барномаи давлатии рушди театр барои солҳои 2023-2028-ро ба ҳукумат пешниҳод намояд.
Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг мегӯяд, феълан дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ фаъолият дорад.
“Аз ин теъдод 6 театр дар шаҳри Душанбе, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Саидов.
Таъкид шудааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ 4 театри касбӣ - Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавӣ дар ноҳияи Данғара, Театри тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки “Афсона” дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст.
Дар шароити имрӯза барои рушди соҳа ва ҷалби тамошобин Саидов зарур хондааст, ки роҳбарони театрҳо ҳамкорӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ ва адибонро ҷиҳати эҷоди асарҳои драмавии мувофиқ ба завқи тамошобини имрӯза вусъат диҳанд.
Дар мавриди таърихи таҷлили Рӯзи театри тоҷик зикр шудааст, ки бори аввал 7 ноябри соли 1929 театри драмавӣ ба кор оғоз кардааст, ки баъдтар, соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гузоштанд.