Темур Раҳимов дар Боку медали нуқра гирифт - видео

Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Обуна шудан
Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи "Вaku Grand slam - 2021" дар риштаи ҷудо медали нуқра ба даст овард
ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов, ки дар даври нимниҳоӣ рақиби олмонияш Ҳейнле Свенро шикаст дода буд, дар марҳилаи ниҳоӣ аз рақиби ҷопонияш шикаст хӯрд.
Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар финал бо Саито Татсурои ҷопонӣ вориди майдон шуд. Ин зӯрозомоӣ барои медали тило шоми 7 ноябр бо пирӯзии паҳлавони ҷопонӣ анҷомид.
Корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ Раҳимовро шодбош гуфта, медали нуқраро низ дар чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дастоварди бузург хондаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки аз номи Русия дар мусобиқаи "Grand slam Baku - 2021" иштирок мекард, рақиби ҷопонияшро шикаст дода, ҷойи аввалро гирифт.
Мубин Эргашев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Сармураббии тими футболи Тоҷикистон маълум шуд
Маҳмадбеков дар Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқаҳо аз ном ин кишвар баромад мекунад.
Дар маҷмуъ дар шаҳри Боку Маҳмадбеков дар вазни 73 кило дар панҷ рақобат ҳарифонашро шикаст дода, дар финал варзишгари ҷопониро низ мағлуб кард.
Лентаи хабарҳо
0