Дурахши қавии қутбӣ дар Камчатка ба навор афтод - видео

Обуна шудан
Дурахши қутбии ғайримаъмулие дар минтақаи Камчатка ба навор афтодааст
Нурҳои ғайриодии қутбӣ дар болои вулқони Шивелуч сабт гардидаанд. Дурахши шимолӣ чанд рӯзи қабл ба навори дурбинҳои назоратии истгоҳи вулқоншиносӣ дар Камчатка афтидааст.
Ин видеоро роҳбари Маркази вулқоншиносии Ключев Юрий Демянчук ба ихтиёри РИА "Новости" гузошта, дар бораи ин зуҳурот нақл кардааст.
Мутахассис тавзеҳ додааст, ки чунин падида пеш ҳам рух медод, аммо феълан зери таъсири тӯфони магнитии қавӣ дурахш низ хеле рӯшантар буд.

"Дар маҷмуъ ҳудуди 10 дақиқа тӯл кашид. Ба далели тӯфони магнитӣ тамоми осмон қариб медурахшид", - илова намуд Демянчук.

Бо таассуф таъкид шудааст, ки бинобар хосиятҳои дастгоҳҳои назоратӣ видео ранга нест ва наметавонад тамоми зебоиҳои дурахши қутбиро инъикос намояд.
Лентаи хабарҳо
0