Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Коронавирус нест: вазорат омори ҷадиди ваксинашудаҳо дар Тоҷикистонро нашр кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкВакцинация в Гостином дворе
Вакцинация в Гостином дворе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе ваксиназанӣ миёни аҳолии пойтахт 100,4 дарсад иҷро гардидааст
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Бар асоси нақшаи пешбинишуда, дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиону 710 ҳазор нафар алайҳи вируси COVID-19 ваксина гирифтааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ хабар дода, қайд намудааст, ки то 4 ноябри соли ҷорӣ 46,5 фисади шаҳрвандони мамлакат алайҳи ин беморӣ ваксина гирифтанд.
Манбаъ меафзояд, то санаи зикргардида ба 1 миллиону 161 ҳазору 995 нафар ё 37,1 фисади аҳолӣ вояи дуюм тазриқ шудааст. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе аллакай 100,4 дарсад иммунизатсияи аҳолии пойтахт иҷро гардидааст.
Вакцинация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ваксина хатари пайдоиши бемории COVID-ро 5 маротиба коҳиш медиҳад
Вазорат таъйид намудааст, ки сокинони ҷумҳурӣ ҳамоно баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба марказҳои саломатӣ рафта, ваксина мегиранд.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол ин ниҳод аз шаҳрваноне, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, даъват намудааст, ки ҳатман ба муассисаҳои наздиктарини тандурустӣ муроҷиат намоянд ва аз тариқи ройгон моякӯбӣ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0