https://sputnik.tj/20211106/mahmadbekov-boku-qahramon-grand-slam-shud-1043296961.html
Маҳмадбеков дар Боку ҳарифонашро шикаст доду қаҳрамони "Grand Slam" шуд - навор
Маҳмадбеков дар Боку ҳарифонашро шикаст доду қаҳрамони "Grand Slam" шуд - навор
Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик ҳамакнун давоми як сол ду мартиба барандаи унвони Қаҳрамони "Grand Slam" гардид 06.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-06T21:00+0500
2021-11-06T21:00+0500
2021-11-06T21:00+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
боку
маҳмадбек маҳмадбеков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102482/51/1024825110_0:0:600:338_1920x0_80_0_0_fa2ebfdcff6fd0e91edfa156e67c3fdc.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон, ки мусобиқаи "Grand slam Baku - 2021" ҷараён дорад, паҳлавони тоҷик, Маҳмадбек Маҳмадбеков унвони қаҳрамониро азхуд кард.Ин паҳлавон, дар Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқаҳо аз ном ин кишвар баромад мекунад.Ҳамин тариқ, дар шаҳри Боку, Маҳмадбеков дар вазни 73 кило, дар 5 рақобат ҳарифонашро шикаст дода, дар финал ҷопониро низ мағлуб кард.Бояд гуфт, ки ҷавонпаҳлавони тоҷик дар мусобиқаи "Grand slam Kazan-2021" низ медали тилло ба гардан овехта буд.Ӯ бародари хурдии Сомон Маҳмадбеков мебошад, ки дар Тоҷикистону Русия бо дастовардҳои варзишияшон шинохта мебошанд.Маҳмадбек Маҳмадбеков, устоди варзиши Русия оид ба ҷудо, ғолиб ва барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо-2019, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон-2019, ғолиби чандкарата ва барандаи Ҷоми Аврупо мебошад. Ӯ дар мактаби захираҳои олимпии шаҳри Иркутск таҳти роҳбарии бародарон Эргаш ва Фотеҳи Маҳмадбековҳо тамрин мекунад.
боку
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102482/51/1024825110_0:0:600:450_1920x0_80_0_0_49d363510a7ebbb9b972e895710f8eb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навигариҳои варзиши тоҷикистон, боку, маҳмадбек маҳмадбеков
навигариҳои варзиши тоҷикистон, боку, маҳмадбек маҳмадбеков
Маҳмадбеков дар Боку ҳарифонашро шикаст доду қаҳрамони "Grand Slam" шуд - навор
Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик ҳамакнун давоми як сол ду мартиба барандаи унвони Қаҳрамони "Grand Slam" гардид
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон, ки мусобиқаи "Grand slam Baku - 2021" ҷараён дорад, паҳлавони тоҷик, Маҳмадбек Маҳмадбеков унвони қаҳрамониро азхуд кард.
Ин паҳлавон, дар Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқаҳо аз ном ин кишвар баромад мекунад.
Ҳамин тариқ, дар шаҳри Боку, Маҳмадбеков дар вазни 73 кило, дар 5 рақобат ҳарифонашро шикаст дода, дар финал ҷопониро низ мағлуб кард.
Бояд гуфт, ки ҷавонпаҳлавони тоҷик дар мусобиқаи "Grand slam Kazan-2021" низ медали тилло ба гардан овехта буд.
Ӯ бародари хурдии Сомон Маҳмадбеков мебошад, ки дар Тоҷикистону Русия бо дастовардҳои варзишияшон шинохта мебошанд.
Маҳмадбек Маҳмадбеков, устоди варзиши Русия оид ба ҷудо, ғолиб ва барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо-2019, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон-2019, ғолиби чандкарата ва барандаи Ҷоми Аврупо мебошад.
Ӯ дар мактаби захираҳои олимпии шаҳри Иркутск таҳти роҳбарии бародарон Эргаш ва Фотеҳи Маҳмадбековҳо тамрин мекунад.