https://sputnik.tj/20211105/prezident-farmon-vmkb-taghyiroti-kadri-1043284545.html
Расман: Президент бо судури 4 фармон дар ВМКБ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Расман: Президент бо судури 4 фармон дар ВМКБ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйироти бузурги кадрӣ анҷом дод 05.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-05T16:07+0500
2021-11-05T16:07+0500
2021-11-05T16:07+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041313645_0:166:2048:1319_1920x0_80_0_0_52fc11ba8be8d05469d3c1395362c179.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат бо суруди як фармон, раиси ВМКБ, Файзов Ёдгорро аз вазифа сабукдӯш намуд.Котиботи сарвари давлат ҳарчанд фармони аз вазифа барканор шудани Файзовро нашр намудааст, вале сабаби аз вазифа гирифтани ӯро зикр накард. Дар матни фармон омадааст: "Файзов Ёдгор Доёрович аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад". Ҳамин тариқ маълум нест, ки ҷаноби Файзов ҳоло ба ягон вазифаи дигар таъйин мешавад ё хайр.Зимнан, бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ ифои вазифа мекард, низ барканор шуда, бо фармони дигари роҳбари давлат, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин карда шуд.Тағйироти кадрӣ дар ВМКБ бо барканор шудани Файзов ва Мирзонабот анҷом наёфта, Назира Амирбекзода, ки муовини Файзов буд, низ барканор гардиду ҷойгузини ӯ Нилуфар Асламшоева интихоб гардид.Ҳамчунин Назарзода Ризо Шодӣ бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъйин гардид.Ёдовар мешавем, ки раиси ҳамакнун собиқи ВМКБ, Файзов Ёдгор ба ин маснад соли 2018 пас аз интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбари пешини вилоят, интихоб гардида буд.
https://sputnik.tj/20211105/alisher-mirzonabot-rais-nav-vmkb-1043282088.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041313645_192:107:1872:1367_1920x0_80_0_0_bcc40745ecffa0e3e4dbc0dc39f28c40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, вмкб
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, вмкб
Расман: Президент бо судури 4 фармон дар ВМКБ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйироти бузурги кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат бо суруди як фармон, раиси ВМКБ, Файзов Ёдгорро аз вазифа сабукдӯш намуд.
Котиботи сарвари давлат ҳарчанд фармони аз вазифа барканор шудани Файзовро нашр намудааст, вале сабаби аз вазифа гирифтани ӯро зикр накард. Дар матни фармон омадааст: "Файзов Ёдгор Доёрович аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад".
Ҳамин тариқ маълум нест, ки ҷаноби Файзов ҳоло ба ягон вазифаи дигар таъйин мешавад ё хайр.
Зимнан, бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ ифои вазифа мекард, низ барканор шуда, бо фармони дигари роҳбари давлат, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин карда шуд.
Тағйироти кадрӣ дар ВМКБ бо барканор шудани Файзов ва Мирзонабот анҷом наёфта, Назира Амирбекзода, ки муовини Файзов буд, низ барканор гардиду ҷойгузини ӯ Нилуфар Асламшоева интихоб гардид.
Ҳамчунин Назарзода Ризо Шодӣ бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъйин гардид.
Ёдовар мешавем, ки раиси ҳамакнун собиқи ВМКБ, Файзов Ёдгор ба ин маснад соли 2018 пас аз интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбари пешини вилоят, интихоб гардида буд.