Марде, ки дар Душанбе рӯзноманигорро кӯфт боздошт шуд: Ба ӯ то 10 соли ҳабс таҳдид мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Обуна шудан
Ҳоло ба боздоштшуда аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Душанбе кормандони милиса мардеро боздошт намуданд, ки дар саҳни бинои "Шарқи озод" ба хабарнигор дарафтода, ӯро латукӯб ва телефони дастияшро рабуд.
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 2 ноябр рух дод ва кормандони ин ниҳод бо гузашти як рӯз ҳамлагарро боздошт намуданд.

"Ин мард сокини шаҳри Норак буда, феълан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад", - таъкид мегардад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ӯ қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ ва авбошӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс шуда буд.
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Боздошти сокини Ишкошим дар Душанбе ба гумони ғоратгарӣ
Зикр гардид, ки боздоштшуда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 248, "ғоратгарӣ"- и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, тибқи моддаи мазкур, ба гумонбаршаванда аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0