Сарқонуни Тоҷикистон яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон эътироф шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевКонституция республики Таджикистан
Конституция республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Обуна шудан
Сарқонун ба ташаккули Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳид мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Сарқонуни Тоҷикистон яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон эътироф шудааст. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни ҷаласаи бахшида ба Рӯзи қонуни асосии кишвар изҳор дошт.
Номбурда қайд кард, ки ин санад принсипҳои инсондӯстӣ ва фалсафаи ҳуқуқро дар бар гирифта, манфиатҳои мардуми тоҷикро ифода намуда, иродаи қавии онҳоро ифода мекунад.
Ба гуфтаи Сулаймон Султонзода, Сарқонун дар ташаккули Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳид саҳм мегузорад.
"Сарқонуни мо маҳсули ғояи миллӣ ва арзишҳои бунёдии мардуми кишвар аст. Ин санади муҳим ба шарофати мафкураи миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҷасорати сиёсии мардум қабул шудааст", - таъкид кард Сулаймон Султонзода.
Бо қабули Сарқонун халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд, афзудааст манбаъ.
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Маълум шуд, тоҷикистониён дар Рӯзи Конститутсия чанд рӯз истироҳат мекунанд
Ёдовар мешавем, ки 6 ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Аз рузи қабули хуҷҷат 27 сол пур мешавад.
Ба шарафи ид ба сокинони мамлакат як рӯзи истироҳати иловагӣ дода шуд. Ҳамакнун сокинон аз 6 то 8 ноябр дам мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0