https://sputnik.tj/20211105/chavushoghlu-robita-turkiya-tolibon-1043284378.html
Чавушоғлу робитаи Туркия бо "Толибон"* -ро шарҳ дод
Чавушоғлу робитаи Туркия бо "Толибон"* -ро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Туркия мегӯяд, мулоқоти намояндагони ин кишвар бо "Толибон"* маънои эътирофи режими ин гурӯҳ дар Афғонистон нест 05.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-05T15:45+0500
2021-11-05T15:45+0500
2021-11-05T15:45+0500
сиёсат
туркия
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:0:3015:1696_1920x0_80_0_0_3b499f7f3661d6737fd46c4a5c793211.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Чавушоғлу тавзеҳ дод, ки чаро ҳукумати Туркия бо намояндагони "Толибон"* мулоқоту гуфтугӯ доир мекунад.Вай изҳор дошт, ки бисёре аз кишварҳо саъй доранд бо ҳайати "Толибон"* мулоқот кунанд ва таъкид кард, ки мулоқоти Туркия бо ин ҳайат ба маънои эътирофи режими "Толибон"* нест. Чавушоғлу афзуд, ҳама бо "Толибон"* дар пайи ҳамкориҳо ҳастанд ва зикр намуд, ки дар сурати фурӯпошии низом дар Афғонистон созмонҳои террористӣ қавитар мешаванд ва он гоҳ фалокати гӯшношунид рух хоҳад дод.Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Туркия ба хотири берун овардани шаҳрвандони худ аз хоки Афғонистон бо ин гурӯҳ робита қавӣ намуд. Зимнан, ба изҳори Мавлуд Чавушоғлу, Туркия феълан "Толибон"* -ро эътироф намекунад, ва дар мулоқот бо онҳо паёмҳои мушаххасу рӯшанро гӯшрасашон мекунад ва тамоми амалҳои онҳоро дар он кишвар зери назорати ҷиддӣ қарор додааст.Ёдовар мешавем, ки "Толибон"* пас аз хуруҷи низомиёни Амрико ҳамалотро дар ин кишвар афзун дода, ахиран сари қудрат омаданд. Аммо то ҳол ҳеҷ созмону ташкилотҳо ва ҳамзамон кишварҳои дуру наздик ҳукумати "Толибон"* -ро дар Афғонистон ба расмият қабул накардааст.
https://sputnik.tj/20211103/tolibon-jomeai-jahoni-dukhtaronro-makotib-yori-1043257734.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:120:2427:1940_1920x0_80_0_0_61586e6c83c6e116ccafa52163dbf4a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , туркия, афғонистон, осиёи марказӣ
сиёсат , туркия, афғонистон, осиёи марказӣ
Чавушоғлу робитаи Туркия бо "Толибон"* -ро шарҳ дод
Вазири умури хориҷаи Туркия мегӯяд, мулоқоти намояндагони ин кишвар бо "Толибон"* маънои эътирофи режими ин гурӯҳ дар Афғонистон нест
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Чавушоғлу тавзеҳ дод, ки чаро ҳукумати Туркия бо намояндагони "Толибон"* мулоқоту гуфтугӯ доир мекунад.
Вай изҳор дошт, ки бисёре аз кишварҳо саъй доранд бо ҳайати "Толибон"* мулоқот кунанд ва таъкид кард, ки мулоқоти Туркия бо ин ҳайат ба маънои эътирофи режими "Толибон"* нест.
Чавушоғлу афзуд, ҳама бо "Толибон"* дар пайи ҳамкориҳо ҳастанд ва зикр намуд, ки дар сурати фурӯпошии низом дар Афғонистон созмонҳои террористӣ қавитар мешаванд ва он гоҳ фалокати гӯшношунид рух хоҳад дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Туркия ба хотири берун овардани шаҳрвандони худ аз хоки Афғонистон бо ин гурӯҳ робита қавӣ намуд.
Зимнан, ба изҳори Мавлуд Чавушоғлу, Туркия феълан "Толибон"* -ро эътироф намекунад, ва дар мулоқот бо онҳо паёмҳои мушаххасу рӯшанро гӯшрасашон мекунад ва тамоми амалҳои онҳоро дар он кишвар зери назорати ҷиддӣ қарор додааст.
Ёдовар мешавем, ки "Толибон"* пас аз хуруҷи низомиёни Амрико ҳамалотро дар ин кишвар афзун дода, ахиран сари қудрат омаданд. Аммо то ҳол ҳеҷ созмону ташкилотҳо ва ҳамзамон кишварҳои дуру наздик ҳукумати "Толибон"* -ро дар Афғонистон ба расмият қабул накардааст.