https://sputnik.tj/20211105/avrupo-virusi-covid-19-1043287057.html
Аврупо боз дар гирдоби вируси COVID-19 дармонд
Аврупо боз дар гирдоби вируси COVID-19 дармонд
Sputnik Тоҷикистон
Шашумин ҳафта аст, ки пайи ҳам дар Аврупо шумораи гирифторони вируси COVID-19 афзоиш меёбад 05.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-05T20:34+0500
2021-11-05T20:34+0500
2021-11-10T11:47+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/65/1030906557_0:184:2989:1865_1920x0_80_0_0_72a68eef203771cf43103dba7bd071a5.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Сарвари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Аврупо Ҳанс Клюг ҳушдор дод, ки ин минтақа дубора ба маркази авҷи бемории коронавирус табдил мешавад. Ба таъкиди ӯ, дар се моҳи наздик дар Аврупо боз ним миллион нафар эҳтимол ҷони худро аз даст диҳад.Сабаби инро Клюг дар он мебинад, ки сокинон ба таври кофӣ ваксина нагирифтаанд ва ин боиси авҷи дубораи коронавирус гардид.Ин шашумин ҳафта аст, ки шумори гирифторони COVID-19 дар Аврупо меафзояд. Теъдоди фавтидагон бошад, ҳафтумин ҳафта аст, ки рӯ ба афзоиш овардааст. Дар айни замон ҳамарӯза дар кишварҳои Аврупо бештар аз 3600 нафар гирифтори ин беморӣ тарки олам мекунад.Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Британияи Кабир эълон кард, ки аз аввалинҳо шуда доруи нави зидди коронавирусро барои истифода иҷозат додааст. Ин дору, ки "Молнупиравир" ном дорад, бештар барои гирифторони осебпазир тавсия хоҳад шуд.Санҷишҳои клиникии ин дору нишон додааст, ки тақрибан то 50 дарсад хатарӣ бистарӣ шудан аз Covid-19-ро пешгирӣ мекунад. Истифодаи ин дору танҳо барои касоне иҷоза дода мешавад, ки нав олудаи Covid-19 шудаанд.
https://sputnik.tj/20211105/vaz-koronavirus-osiyoi-markazi-tut-1043283109.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/65/1030906557_128:0:2859:2048_1920x0_80_0_0_0fabcb472eb664ae9673ea7984adbb3d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, тандурустӣ, коронавирус
дар ҷаҳон, тандурустӣ, коронавирус
Аврупо боз дар гирдоби вируси COVID-19 дармонд
20:34 05.11.2021 (Навсозишуда: 11:47 10.11.2021) Шашумин ҳафта аст, ки пайи ҳам дар Аврупо шумораи гирифторони вируси COVID-19 афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Сарвари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Аврупо Ҳанс Клюг ҳушдор дод, ки ин минтақа дубора ба маркази авҷи бемории коронавирус табдил мешавад.
Ба таъкиди ӯ, дар се моҳи наздик дар Аврупо боз ним миллион нафар эҳтимол ҷони худро аз даст диҳад.
Сабаби инро Клюг дар он мебинад, ки сокинон ба таври кофӣ ваксина нагирифтаанд ва ин боиси авҷи дубораи коронавирус гардид.
Ин шашумин ҳафта аст, ки шумори гирифторони COVID-19 дар Аврупо меафзояд. Теъдоди фавтидагон бошад, ҳафтумин ҳафта аст, ки рӯ ба афзоиш овардааст. Дар айни замон ҳамарӯза дар кишварҳои Аврупо бештар аз 3600 нафар гирифтори ин беморӣ тарки олам мекунад.
Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Британияи Кабир эълон кард, ки аз аввалинҳо шуда доруи нави зидди коронавирусро барои истифода иҷозат додааст. Ин дору, ки "Молнупиравир" ном дорад, бештар барои гирифторони осебпазир тавсия хоҳад шуд.
Санҷишҳои клиникии ин дору нишон додааст, ки тақрибан то 50 дарсад хатарӣ бистарӣ шудан аз Covid-19-ро пешгирӣ мекунад. Истифодаи ин дору танҳо барои касоне иҷоза дода мешавад, ки нав олудаи Covid-19 шудаанд.