https://sputnik.tj/20211104/kushta-shudan-khabarnigor-afghoniston-1043266677.html
Кушта шудани 240 хабарнигор тайи моҳҳои гузашта дар Афғонистон
Кушта шудани 240 хабарнигор тайи моҳҳои гузашта дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, дар камтар аз як соли гузашта беш аз 240 хабарнигор кушта ва захмӣ шуда аст
2021-11-04T09:00+0500
2021-11-04T09:00+0500
2021-11-04T09:00+0500
афғонистон
хабарнигорон
рӯзноманигор
захмӣ
кушта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101853/77/1018537704_0:3:2368:1335_1920x0_80_0_0_6685f003a0c1635a365d990156c758fd.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ахиран ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хатми маофият аз ҷароими хабарнигорон гуфт, ки аз ноябри соли гузашта ба ин сӯ 12 хабарнигор кушта ва 230 хабарнигори дигар мавриди анвоъи хушунатҳо (захмӣ, латукӯб, таҳдид, тавҳин ва соири хушунатҳо) қарор гирифтааст."Аз ин ҳодисаҳои хушунат, як мавриди куштор ва 67 мавриди хушунат дар замони ҳукмронии Иморати Исломии Афғонистон ва боқимонда дар замони режими қаблӣ рух додааст", - омадааст дар баёния.Дар изҳорот гуфта шудааст: "Аз он ҷое, ки хабарнигорон нақши умдаро дар иттилоърасонӣ ба шаҳрвандон бозӣ мекунанд, маофият аз ҷароим алайҳи хабарнигорон таъсироти манфиро бар ин раванд ворид намуда ва огаҳии омма аз воқеа ва баҳсҳои созанда барои рафъи чолишҳоро маҳдуд месозад”.Кумитаи дифоъ аз хабарнигорони Афғонистон аз Имороти Исломӣ хостааст, то як механизми мушаххасе барои таъмини дахлнопазирии рӯзноманигорон таҳия ва парвандаҳои хушунат алайҳи хабарнигорон, бахусус ҳодисаҳои куштор ва латукӯби хабарнигоронро дар чаҳорчӯби қонун баррасӣ кунад, то гунахкорон ба чавобгарй кашида шаванд.Дар ҳамин ҳол масъулони Вазорати умури дохилии “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) ду рӯз қабл дар як нишаст гуфта буданд, ки Имороти Исломӣ ба озодии баён ва дахлнопазирии хабарнигорон пойбанд аст ва бо хабарнигорон ҳамкорӣ хоҳад кард.Тибқи омори ҷаҳонӣ, аз ҳар 10 омили ҷиноят алайҳи хабарнигорон дар саросари ҷаҳон танҳо як нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 9 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
https://sputnik.tj/20210908/rahmon-kushtoru-sarkub-zanonu-afghoniston-1042127428.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101853/77/1018537704_294:0:2075:1336_1920x0_80_0_0_35716cbded9cea34e75571ddf66aba4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, рӯзноманигорон, хабарнигорон, кушта, захмӣ
афғонистон, рӯзноманигорон, хабарнигорон, кушта, захмӣ
Кушта шудани 240 хабарнигор тайи моҳҳои гузашта дар Афғонистон
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, дар камтар аз як соли гузашта беш аз 240 хабарнигор кушта ва захмӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ахиран ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хатми маофият аз ҷароими хабарнигорон гуфт, ки аз ноябри соли гузашта ба ин сӯ 12 хабарнигор кушта ва 230 хабарнигори дигар мавриди анвоъи хушунатҳо (захмӣ, латукӯб, таҳдид, тавҳин ва соири хушунатҳо) қарор гирифтааст.
"Аз ин ҳодисаҳои хушунат, як мавриди куштор ва 67 мавриди хушунат дар замони ҳукмронии Иморати Исломии Афғонистон ва боқимонда дар замони режими қаблӣ рух додааст", - омадааст дар баёния.
Дар изҳорот гуфта шудааст: "Аз он ҷое, ки хабарнигорон нақши умдаро дар иттилоърасонӣ ба шаҳрвандон бозӣ мекунанд, маофият аз ҷароим алайҳи хабарнигорон таъсироти манфиро бар ин раванд ворид намуда ва огаҳии омма аз воқеа ва баҳсҳои созанда барои рафъи чолишҳоро маҳдуд месозад”.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорони Афғонистон аз Имороти Исломӣ хостааст, то як механизми мушаххасе барои таъмини дахлнопазирии рӯзноманигорон таҳия ва парвандаҳои хушунат алайҳи хабарнигорон, бахусус ҳодисаҳои куштор ва латукӯби хабарнигоронро дар чаҳорчӯби қонун баррасӣ кунад, то гунахкорон ба чавобгарй кашида шаванд.
Дар ҳамин ҳол масъулони Вазорати умури дохилии “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) ду рӯз қабл дар як нишаст гуфта буданд, ки Имороти Исломӣ ба озодии баён ва дахлнопазирии хабарнигорон пойбанд аст ва бо хабарнигорон ҳамкорӣ хоҳад кард.
Тибқи омори ҷаҳонӣ, аз ҳар 10 омили ҷиноят алайҳи хабарнигорон дар саросари ҷаҳон танҳо як нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 9 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.