Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Русия: 4 ноябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 4 ноября
День 4 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Обуна шудан
Чоруми ноябр дар Украина Рӯзи кормандони роҳи оҳан буда, дар Арманистон ҳамчун Рӯзи кормандони иҷтимоӣ таҷлил мешавад

Рӯзи чоруми ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1862 ихтироъкори амрикоӣ Р. Гатлинг мусалсал (пулемёт) ихтироъ кард.
Соли 1899 китоби машҳури Зигмун Фрейд "Таъбири хоб" нашр шуд.
Соли 1967 манораи телевизионии "Останкино" мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
День 3 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Имзои Қонуни афв дар Тоҷикистон: 3 ноябр дар таърих
Соли 1977 СММ таҳвили силоҳ ба Африқои Ҷанубиро қатъиян манъ кард.
Соли 1981 Осорхонаи марказии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравии собиқ ифтитоҳ шуд.
Соли 2017 қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи "Эйр Форс"-и Ироқ бозӣ анҷом дода, бо соҳиб шудан ба ҷои дуюм 500 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

Рӯзи 4-уми ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1948 "Бешаи палангон" мамнуъгоҳи давлатӣ эълон шуд.
Соли 2009 Барномаи ҳамкории миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Лаҳистон дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таҳсилоти олӣ ва маданӣ ба имзо расид.
День 2 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Мулоқоти дӯстонаи Раҳмон бо Оқохони IV: 2 ноябр дар таърих
Соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши операи "Комде ва Мадан" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи чоруми ноябр

Дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.
Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Русия

Дар Русия Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд

Рӯзи 4 ноябр дар Русия Иди ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Дар шаҳрҳои мухталифи Русия бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабиниву маросимҳо баргузор мешавад.
Ин ҷашн 29-уми декабри соли 2004 ба рӯйхати ҷашнҳори расмии Русия ворид гардид. Ҷашн бо иқдоми Шурои динии Русия аз 4-уми ноябри соли 2005-ум таҷлил мешавад.
День 1 ноября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Ифтитоҳи меҳмонхонаи "Серена" дар Душанбе: 1 ноябр дар таърих
Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Русия ба хотири рӯйдодҳои соли 1612 аст, ки он замон Фронти халқӣ бо сарварии Кузма Минан ва Дмитрий Пожарский шаҳри Москавро аз ғасби мутаҷовизони лаҳистонӣ озод карда буданд.
Дар ин рӯз дар шаҳрҳои гуногуни Русия бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ маросимҳои мухталиф баргузор мешавад.

Чоруми ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1918 - Корманди шоистаи соҳаи фарҳанг Тоҷиниссо Ғафурова.
Соли 1928 - профессор Баён Раҳимов.
Соли 1937 - философ, профессор Фирӯза Турсунзода.
Соли 1950 - ҳунарманди театр Асалбегим Саодатова.
Соли 1954 - журналист Сардори Раҳдор.
Лентаи хабарҳо
0