https://sputnik.tj/20211103/tolibon-asor-khoriji-afghoniston-man-1043255756.html
"Толибон"* муомилот бо асъори хориҷиро дар Афғонистон манъ кард
"Толибон"* муомилот бо асъори хориҷиро дар Афғонистон манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон"* ба ҳама шаҳрвандон, соҳибони дӯконҳо ва тоҷирон дастур доданд, ки ҳангоми анҷоми муомилоти молиявӣ танҳо аз пули миллӣ истифода баранд.
2021-11-03T14:16+0500
2021-11-03T14:16+0500
2021-11-03T14:58+0500
иқтисод
афғонистон
тоҷирон
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041771064_0:95:3304:1954_1920x0_80_0_0_493eb2654fd8f95d7780c954de28a55c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. "Толибон"* истифодаи асъори хориҷиро дар ҳисоббаробаркуниҳо дар дохили кишвар манъ кард, гуфт намояндаи харакати террористӣ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо ба далели вазъи душвори иқтисодии кишвар ҷорӣ шудаанд.Ба гуфтаи ӯ, "Аморати Исломӣ (ҳукумати худхондаи "Толибон*) ба ҳама шаҳрвандон, дӯкондорон, тоҷирон дастур додааст, ки минбаъд низ аз афғонӣ барои ҳисоббаробаркунӣ истифода ва аз истифодаи арзи хориҷӣ ба таври қатъӣ худдорӣ кунанд".Муҷоҳид қайд кардааст, афроде, ки ин амрро иҷро намекунанд, ҷазо хоҳанд гирифт. Қаблан дар Афғонистон бо доллар ва дар минтақаҳои ҳаммарз бо Покистон бо рупияи покистонӣ муомилоти пулӣ сурат мегирифт.Гуфта мешавад, Бонки марказии Афғонистон низ бо судури як қарор ба хотири ҳифзи доллари амрикоӣ, ки дар кишвар камчин шудааст, интиқоли пулро танҳо бо пули миллӣ роҳандозӣ кардааст.Қаблан маълум шуд, ки Иёлоти Муттаҳида захираҳои марбут ба Ҳукумати Афғонистонро дар бонкҳои амрикоӣ масдуд кардааст. Дар навбати худ ҷангҷӯён аз Амрико талаб кардаанд, ки тақрибан 10 миллиард доллари маблағҳои масдудкардаи ҷумҳуриро ба онҳо баргардонад.Вазъият дар Афғонистон дар охири моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико вахим шуд. То нимаи моҳи август "Толибон"* Ҳукумати Афғонистонро суқут дод, ки дар пайи он Ашраф Ғанӣ президенти вақти он кишвар фирор кард."Толибон"* дар аввали моҳи сентябр ҳукумати худро эълон кард, ки ба бархӯрди шадиди аҳолии Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд.Ҳамакнун наздик ба се моҳ аст, ки ин гурӯҳ ҳукуматро идора мекунад, аммо то кунун ягон кишвар онҳоро ба расмият нашинохтааст. * - гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ
https://sputnik.tj/20211029/tolibon-ojilan-khohoni-milliard-dollar-shud-1043172624.html
https://sputnik.tj/20210826/tolibon-iqtisod-ima-rahna-1041908657.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041771064_287:0:3018:2048_1920x0_80_0_0_db064ea6150fa4ea8d5ead0c45da1c94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"толибон"* муомилот асъори хориҷӣ афғонистон манъ
"толибон"* муомилот асъори хориҷӣ афғонистон манъ
"Толибон"* муомилот бо асъори хориҷиро дар Афғонистон манъ кард
14:16 03.11.2021 (Навсозишуда: 14:58 03.11.2021) "Толибон"* ба ҳама шаҳрвандон, соҳибони дӯконҳо ва тоҷирон дастур додааст, ки ҳангоми анҷоми муомилоти молӣ танҳо аз пули миллӣ истифода кунанд.
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. "Толибон"* истифодаи асъори хориҷиро дар ҳисоббаробаркуниҳо дар дохили кишвар манъ кард, гуфт намояндаи харакати террористӣ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо ба далели вазъи душвори иқтисодии кишвар ҷорӣ шудаанд.
"Вазъи иқтисодии кишвар ва манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки ҳамаи афғонҳо дар зимини додуситад аз пули миллии худ - афғонӣ истифода кунанд", - хабар медиҳанд расонаҳои Афғонистон дар истинод ба изҳороти ҳукумати худхонда.
Ба гуфтаи ӯ, "Аморати Исломӣ (ҳукумати худхондаи "Толибон*) ба ҳама шаҳрвандон, дӯкондорон, тоҷирон дастур додааст, ки минбаъд низ аз афғонӣ барои ҳисоббаробаркунӣ истифода ва аз истифодаи арзи хориҷӣ ба таври қатъӣ худдорӣ кунанд".
Муҷоҳид қайд кардааст, афроде, ки ин амрро иҷро намекунанд, ҷазо хоҳанд гирифт.
Қаблан дар Афғонистон бо доллар ва дар минтақаҳои ҳаммарз бо Покистон бо рупияи покистонӣ муомилоти пулӣ сурат мегирифт.
Гуфта мешавад, Бонки марказии Афғонистон низ бо судури як қарор ба хотири ҳифзи доллари амрикоӣ, ки дар кишвар камчин шудааст, интиқоли пулро танҳо бо пули миллӣ роҳандозӣ кардааст.
Қаблан маълум шуд, ки Иёлоти Муттаҳида захираҳои марбут ба Ҳукумати Афғонистонро дар бонкҳои амрикоӣ масдуд кардааст.
Дар навбати худ ҷангҷӯён аз Амрико талаб кардаанд, ки тақрибан 10 миллиард доллари маблағҳои масдудкардаи ҷумҳуриро ба онҳо баргардонад.
Вазъият дар Афғонистон дар охири моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико вахим шуд. То нимаи моҳи август "Толибон"* Ҳукумати Афғонистонро суқут дод, ки дар пайи он Ашраф Ғанӣ президенти вақти он кишвар фирор кард.
"Толибон"* дар аввали моҳи сентябр ҳукумати худро эълон кард, ки ба бархӯрди шадиди аҳолии Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд.
Ҳамакнун наздик ба се моҳ аст, ки ин гурӯҳ ҳукуматро идора мекунад, аммо то кунун ягон кишвар онҳоро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ