https://sputnik.tj/20211103/suquti-havopaymoi-an-12-dar-viloyati-irkutsk-1043268020.html
Суқути ҳавопаймои Ан-12 дар вилояти Иркутск: видео аз ҷои ҳодиса
Суқути ҳавопаймои Ан-12 дар вилояти Иркутск: видео аз ҷои ҳодиса
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо аввалин аксҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодда аз маҳалли суқут ҳавопаймои Ан-12 дар наздикии Иркутскро нашр карданд.
2021-11-03T23:52+0500
2021-11-03T23:52+0500
2021-11-04T19:15+0500
видео
ҳавопаймо
суқут
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043265132_10:49:470:308_1920x0_80_0_0_c02ca533f36766064e7e436513411f0a.jpg
Тибқ иттилои манбаъ, ҳавопаймо пас аз хабар додани он ки ба даври дуюм меравад, аз радар нопадид шуд.Наҷотдиҳандагон сари вақт ба ҷои гум шудани ҳавопаймо рафтанд, аммо мутаассифона, пораҳои онро пайдо карданд. Дар пайи суқути ҳавопаймо касе аз сарнишинони он зинда намондааст. Ҳайати экипаж 7 нафар буд: ду шаҳрванди Русия, ду нафар аз Украина ва се нафар аз Беларус.Ҳамаи ҷасадҳо аллакай пайдо шудаанд. Аммо дар болои ҳавопаймои Ан-12 ба ғайр аз 7 узви экипаж боз ду нафари дигар ҳам буд. Айни замон ин маълумот тафтиш карда мешавад. Яке аз "қуттиҳои сиёҳ"-и ҳавопаймо пайдо шуд. Ин барои муайян кардани сабаби садама кӯмак мекунад.Парвандаи суқути ҳавопаймои Ан-12-ро кумитаҳои тафтишотии ду давлат, Русия ва Беларус баррасӣ мекунанд. Самолёти Ан-12-и Белорусия аз соли 1968 парвоз мекардааст.Соли 2014 ин ҳавопаймо ҳудуди як сол дар ихтиёри ширкати "Asia Airways"-и Тоҷикистон қарор доштааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043265132_2:52:344:309_1920x0_80_0_0_b3bd3093e69c8b810a5fefaa1103a051.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, иркутск, навор, суқут, ҳавопаймо, ҳодиса
русия, иркутск, навор, суқут, ҳавопаймо, ҳодиса
Суқути ҳавопаймои Ан-12 дар вилояти Иркутск: видео аз ҷои ҳодиса
23:52 03.11.2021 (Навсозишуда: 19:15 04.11.2021) Расонаҳо аввалин аксҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз маҳалли суқути ҳавопаймои Ан-12 дар наздикии Иркутскро нашр карданд.
Тибқ иттилои манбаъ, ҳавопаймо пас аз хабар додани он ки ба даври дуюм меравад, аз радар нопадид шуд.
Наҷотдиҳандагон сари вақт ба ҷои гум шудани ҳавопаймо рафтанд, аммо мутаассифона, пораҳои онро пайдо карданд. Дар пайи суқути ҳавопаймо касе аз сарнишинони он зинда намондааст. Ҳайати экипаж 7 нафар буд: ду шаҳрванди Русия, ду нафар аз Украина ва се нафар аз Беларус.
Ҳамаи ҷасадҳо аллакай пайдо шудаанд. Аммо дар болои ҳавопаймои Ан-12 ба ғайр аз 7 узви экипаж боз ду нафари дигар ҳам буд. Айни замон ин маълумот тафтиш карда мешавад.
Яке аз "қуттиҳои сиёҳ"-и ҳавопаймо пайдо шуд. Ин барои муайян кардани сабаби садама кӯмак мекунад.
Парвандаи суқути ҳавопаймои Ан-12-ро кумитаҳои тафтишотии ду давлат, Русия ва Беларус баррасӣ мекунанд. Самолёти Ан-12-и Белорусия аз соли 1968 парвоз мекардааст.
Соли 2014 ин ҳавопаймо ҳудуди як сол дар ихтиёри ширкати "Asia Airways"-и Тоҷикистон қарор доштааст.