https://sputnik.tj/20211103/rahmon-safiri-navtayin-etimodnoma-qabul-kard-1043254180.html
Раҳмон аз даҳ сафири тозатаъйин эътимоднома қабул кард
Раҳмон аз даҳ сафири тозатаъйин эътимоднома қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз сафирони навтаъйини Арабистони Саудӣ, Туркия, Британияи Кабир, Швейтсария, Чехия, Лаҳистон, Эстония, Бангладеш, Озарбойҷон ва Беларус эътимоднома қабул кард
2021-11-03T13:10+0500
2021-11-03T13:10+0500
2021-11-03T19:12+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сафир
нав
раисҷумҳур
эътимоднома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043266164_0:212:2047:1363_1920x0_80_0_0_f09172d52932816b03fbfb7c97ba8b12.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз даҳ сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии президенти кишвар.Бинобар иттилои манбаъ, ба раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як маросим сафирони Беларус Виктор Денисенко, Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров, Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон Ал-Решайдан, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Швейтсария Дэвид Грихтинг, Чехия Ватслав Йелик, Лаҳистон Радослав Грук, Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон табрику таҳният гуфта, иброз доштааст, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ барои такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикӣ дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо ин кишварҳо андешаронӣ карда, изҳори умед кард, ки сафирони навтаъйин бо иҷрои рисолати сермасъулият саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.
https://sputnik.tj/20211021/muhriddin-safir-tozatayin-belorus-tojikiston-1043021435.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043266164_77:0:1894:1363_1920x0_80_0_0_c1e9c26abcf2c50215cfb10f43012a68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, эътимоднома, сафирон, навтаъйин
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, эътимоднома, сафирон, навтаъйин
Раҳмон аз даҳ сафири тозатаъйин эътимоднома қабул кард
13:10 03.11.2021 (Навсозишуда: 19:12 03.11.2021) Раисҷумҳури Тоҷикистон аз сафирони тозатаъйини Арабистони Саудӣ, Туркия, Британияи Кабир, Швейтсария, Чехия, Лаҳистон, Эстония, Бангладеш, Озарбойҷон ва Беларус эътимоднома қабул кард
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз даҳ сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии президенти кишвар.
Бинобар иттилои манбаъ, ба раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як маросим сафирони Беларус Виктор Денисенко, Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров, Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон Ал-Решайдан, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Швейтсария Дэвид Грихтинг, Чехия Ватслав Йелик, Лаҳистон Радослав Грук, Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон табрику таҳният гуфта, иброз доштааст, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ барои такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикӣ дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо ин кишварҳо андешаронӣ карда, изҳори умед кард, ки сафирони навтаъйин бо иҷрои рисолати сермасъулият саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.