Дар Душанбе "Қоидаҳои имлои забон ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ" баррасӣ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода
Председатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Дар Душанбе дар мавзӯи “Муаррифӣ ва шарҳи "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Бо мақсади мукаммалтар шудани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ба он аломатҳои китобати забони тоҷикӣ низ ҳамроҳ карда шуд.
Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон зимни баргузории машварат дар мавзӯи “Муаррифӣ ва шарҳи "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” иброз доштааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, бинобар мақоми забони давлатӣ ва дурнамои рушду густариши он дар ҷомеа матни имлои забони тоҷикӣ аз нигоҳи интиқодӣ мавриди таҳриру такмили ҷиддӣ қарор гирифт.
Забоншиносони тоҷик иброз доштанд, ки дар “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” масъалаҳои марбут ба номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадоҳо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаи нутқ, махсусан навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои артикли "ал", якҷоя, ҷудо ва бо нимтире навиштани калимаҳо, тарзи дурусти навишти морфемаҳои насабсоз, имлои номи муассисаю корхонаҳо, номи ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо, пешванду пасвандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, имло ва тарзи навишти онҳо мушаххас нишон дода шудаанд.
Таджикские женщины на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Раиса, котиба, муаллима - нодурустанд: қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ
Дар зимни баргузории машварат, ки барои ба танзим даровардани калимаҳои иқтибосии дорои садоҳои “ц”, “щ” ва “ы” баргузор шудааст, “Қоидаи имлои забони тоҷикӣ” ҳарфҳои ивазкунандаи онҳоро мушаххас кардааст. Масъалан, дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳарфи “ц” ҳарфҳои “с” ва “т” дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:
-дар аввали калима (пеш аз садонок) с навишта мешавад: семент-цемент, сирк-цирк ва ғайра;
-дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: дотсент – доцент, милитсия – милиция, конститутсия – конституция ва ғайра;
-баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешаванд: Липетск – Липецк, Донетск — Донецк ва ғайра;
-дар охири калима баъд аз садонок тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешавад: платс – плац, кварс – кварц ва ғайра;
Дворец нации в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Имлои нав аллакай дар Ҳукумат: аз номи нави ҳарфҳо то баҳси "ы", "ц", "ь", "щ"
Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки барои амалисозии дастури президент “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” аз ҷониби гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар ҳайати олимони варзидаи забоншиносон таҳия ва нашр гардида, дастраси тамоми қишрҳои ҷомеа мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки 4 октябри соли 2011 рӯи чоп омада буд, як идда камбудию норасоиҳо ҷой доштанд, ки он мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард ва мақсади асосии таҳияи қоидаи имлои нав бартараф кардани ҳамин камбудиву норасоиҳост.
Лентаи хабарҳо
0