Нерӯҳои вижа як марди "маҷрӯҳ"-ро дар кӯҳҳои Тоҷикистон наҷот доданд

© Министерство обороны РФРоссийские военные медики отработали эвакуацию условно пострадавшего на учении в горах Таджикистана
Российские военные медики отработали эвакуацию условно пострадавшего на учении в горах Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Обуна шудан
Табибони низомии Русия интиқоли як маҷрӯҳи шартиро дар кӯҳистони Тоҷикистон тамрин карданд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Пизишкони бемористони низомии 451-и Русия, воқеъ дар шаҳри Душанбе интиқоли "маҷрӯҳ"-еро дар кӯҳҳои Тоҷикистон бо муваффақият анҷом доданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия.
Наҷоти захмиён бо истифода аз чархбол сурат гирифтааст.

"Экипажи чархболи Ми-8МТВ-5 ва пизишкони ҳарбӣ интиқоли низомиёни шартии маҷрӯҳро аз минтақаҳои душворгузар анҷом доданд", — омадааст дар хабари Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.

Маҷрӯҳон ба фурудгоҳ интиқол дода шуданд. Тибқи барномаи таълимӣ, яке аз захмиён дар ҳолати вазнин қарор доштааст ва ҳангоми парвоз аз ҳуш рафтааст.
Пизишкони ҳарбӣ бо истифода аз таҷҳизоти тиббӣ ҳангоми интиқол дар ҳаво тадбирҳои эҳёгарӣ анҷом доданд.
Қайд мешавад, истифодаи модулҳои тиббии чархбол имкон медиҳад, ба беморони вазнин дар давоми як соат ёрии аввалия расонида шавад, ки ин имкони наҷоти ҷони қурбониёнро чанд баробар зиёд мекунад.
Форум Армия-2021. Танковый биатлон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Пойгоҳи низомии 201 дар пайи шиддати вазъ дар Афғонистон 30 танки замонавӣ мегирад
Чархболи тиббӣ барои интиқоли ду захмӣ ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ пешбинӣ шудааст. Он дорои таҷҳизот барои амалҳои эҳёгарӣ: дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва фаъол кардани кори дил мебошад.
Дар баробари ин он бо респираторҳо, таҷҳизоти назоратӣ, сӯзандоруҳо, маҷмӯи чархҳо ва дигар таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз аст, ки истифодаи онҳо ҳаёти осебдидагонро ҳангоми интиқол ба муассисаи тиббӣ ҳифз мекунанд, афзуд Раёсати ҳарбӣ.
Бемористони ҳарбии 451 дар Душанбе 5 сентябри соли 1926 таъсис ёфтаааст, ки яке аз қадимтарин госпиталҳо ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0