https://sputnik.tj/20211103/kishvar-tanhoi-afghoniston-muboriza-1043257552.html
Кишварҳои ОМ наметавонанд ба танҳоӣ бо таҳдидҳои Афғонистон мубориза баранд: коршинос
Кишварҳои ОМ наметавонанд ба танҳоӣ бо таҳдидҳои Афғонистон мубориза баранд: коршинос
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дарк мекунанд, ки сарфи назар аз рейтингҳои таъсирбахш, муқобила бо таҳдидҳо аз ҷониби Афғонистон ба танҳоӣ имконнопазир аст
2021-11-03T15:25+0500
2021-11-03T15:25+0500
2021-11-03T17:51+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102660/55/1026605589_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_73e7127ec8ca48e534eb2a8daa5339ee.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Коршиноси Анҷумани сиёсатшиносони ҳарбӣ, полковники эҳтиётӣ Андрей Кошкин гуфт, ҳеҷ як кишвари Осиёи Марказӣ ба танҳоӣ ба таҳдиди эҳтимолӣ аз сӯйи Афғонистон тоб оварда наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони ин кишварҳо инро хуб дарк ва талошҳои муштаракро дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддиру таҳдидҳои дигар пас аз хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ҳамоҳанг мекунанд. Дар ин масъала бо Русия низ ҳамкории зич сурат мегирад. Натиҷаи инро дар мисоли ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дидан мумкин аст. Дар феҳристи навшудаи "Global Firepower Index - 2021" артиши Ӯзбекистон аз рӯи қудрат дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон зинаи 51-умро ишғол кардааст (Тоҷикистон 99-ум). Коршинос гуфт, ин дастовард, таҷдиди артиши Ӯзбекистон пеш аз ҳама бо силоҳи Русия асос ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз техникаи низомии хеле хуб, ки аз Русия ворид мешавад, хусусияти сохторӣ ва омодагии кадрҳои низомии он ба шароити Ӯзбекистон мутобиқ карда шудааст. Аммо дар меҳвари ин ҳама таҷрибаи омӯзишии шӯравӣ ва қобилияти ҳамкорӣ бо низомиёни Русия қарор дорад."Бояд дар хотир дошт, ки агар Ӯзбекистон дар зинаи 51-ум бошад, Беларус дар зинаи 50-ум қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки мо бевосита сарпарастӣ мекунем ва бо давлатҳои иттифоқи худ ҳамкорӣ дорем. Ва дар ин ҷо, дар Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон, ки роҳи баромад ба баҳр надорад, имрӯз хеле суботкорона пеш рафта истодааст”, - гуфт полковники эҳтиётӣ. Вай ёдовар шуда, ки нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон тақрибан дар ҳамаи машқҳои низомӣ, ки бо ширкати Русия баргузор мешаванд, ширкат мекунанд.
https://sputnik.tj/20211030/tojikiston-artish-tavonoi-jahon-1043177339.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102660/55/1026605589_0:0:888:666_1920x0_80_0_0_7d4da0b14557c06beaab82198ebb733f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, амният, ом
толибон, афғонистон, амният, ом
Кишварҳои ОМ наметавонанд ба танҳоӣ бо таҳдидҳои Афғонистон мубориза баранд: коршинос
15:25 03.11.2021 (Навсозишуда: 17:51 03.11.2021) Кишварҳои Осиёи Марказӣ дарк мекунанд, ки сарфи назар аз рейтингҳои таъсирбахш ба танҳоӣ муқобила бо таҳдидҳо аз ҷониби Афғонистон имконнопазир аст
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Коршиноси Анҷумани сиёсатшиносони ҳарбӣ, полковники эҳтиётӣ Андрей Кошкин гуфт, ҳеҷ як кишвари Осиёи Марказӣ ба танҳоӣ ба таҳдиди эҳтимолӣ аз сӯйи Афғонистон тоб оварда наметавонад.
Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони ин кишварҳо инро хуб дарк ва талошҳои муштаракро дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддиру таҳдидҳои дигар пас аз хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ҳамоҳанг мекунанд.
Дар ин масъала бо Русия низ ҳамкории зич сурат мегирад. Натиҷаи инро дар мисоли ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дидан мумкин аст.
Дар феҳристи навшудаи "Global Firepower Index - 2021" артиши Ӯзбекистон аз рӯи қудрат дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон зинаи 51-умро ишғол кардааст (Тоҷикистон 99-ум). Коршинос гуфт, ин дастовард, таҷдиди артиши Ӯзбекистон пеш аз ҳама бо силоҳи Русия асос ёфтааст.
"Буд замоне ки Ӯзбекистон кӯшиш мекард, ки аз хориҷ чизе ба даст орад, аммо фаҳмид, ки ба онҳо чизҳои нолозиме аз нерӯҳои мусаллаҳи давлатҳои Аврупо дода мешавад", - ба ёд меорад Кошкин.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз техникаи низомии хеле хуб, ки аз Русия ворид мешавад, хусусияти сохторӣ ва омодагии кадрҳои низомии он ба шароити Ӯзбекистон мутобиқ карда шудааст.
Аммо дар меҳвари ин ҳама таҷрибаи омӯзишии шӯравӣ ва қобилияти ҳамкорӣ бо низомиёни Русия қарор дорад.
"Бояд дар хотир дошт, ки агар Ӯзбекистон дар зинаи 51-ум бошад, Беларус дар зинаи 50-ум қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки мо бевосита сарпарастӣ мекунем ва бо давлатҳои иттифоқи худ ҳамкорӣ дорем. Ва дар ин ҷо, дар Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон, ки роҳи баромад ба баҳр надорад, имрӯз хеле суботкорона пеш рафта истодааст”, - гуфт полковники эҳтиётӣ.
Вай ёдовар шуда, ки нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон тақрибан дар ҳамаи машқҳои низомӣ, ки бо ширкати Русия баргузор мешаванд, ширкат мекунанд.