https://sputnik.tj/20211103/dastur-rahmon-tamin-barq-garmi-1043247941.html
Дастури Раҳмон барои таъмини барқу гармӣ ва захираи маводи ғизоӣ
Дастури Раҳмон барои таъмини барқу гармӣ ва захираи маводи ғизоӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар зимни машварати корӣ ба масъулини доир ба омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ, дастуру супоришҳо додаасст
2021-11-03T09:03+0500
2021-11-03T09:03+0500
2021-11-03T11:46+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
барқ
машварати корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/13/1032857931_0:157:3083:1891_1920x0_80_0_0_d87088e084a182a17e8dab8687a639f2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мақомоти раддаи аввали кишвар машварати корӣ баргузор кард.Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, дар машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода шудан барои зимистонгузаронӣ дастур додааст.Ҳамзамон раисиҷумҳур барои захираи кофии маводи хӯрокӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоию аҳолӣ бо барқу гармӣ, супориш додааст.Эмомалӣ Раҳмон зимнан ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид кардааст.Вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, камобӣ, ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои пурхароҷ президент супоришҳои мушаххас додааст.
https://sputnik.tj/20210929/raisi-dushanbe-kartoshka-sabzi-ord-zimiston-1042570081.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/13/1032857931_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_f2e6d6aebea1ea2ae18d69cd9c3eebfb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур раҳмон таъмин барқ гармӣ захира мавод ғизо
дастур раҳмон таъмин барқ гармӣ захира мавод ғизо
Дастури Раҳмон барои таъмини барқу гармӣ ва захираи маводи ғизоӣ
09:03 03.11.2021 (Навсозишуда: 11:46 03.11.2021) Раисҷумҳури кишвар зимни машварати корӣ ба масъулин дар ҷиҳати омодагӣ барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоию аҳолӣ бо барқу гармӣ дастуру супориш додааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мақомоти раддаи аввали кишвар машварати корӣ баргузор кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, дар машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода шудан барои зимистонгузаронӣ дастур додааст.
Ҳамзамон раисиҷумҳур барои захираи кофии маводи хӯрокӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоию аҳолӣ бо барқу гармӣ, супориш додааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимнан ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид кардааст.
Вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, камобӣ, ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои пурхароҷ президент супоришҳои мушаххас додааст.