https://sputnik.tj/20211102/tojikiston-ruzi-teatri-tojik-tajlil-meshavad-1043244936.html
Дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад
Дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ин барномаи фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи театри тоҷик дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов баргузор мешавад 02.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-02T19:40+0500
2021-11-02T19:40+0500
2021-11-02T19:40+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
театр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/22/1028852286_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_277b702576ccc2891f33a924f021da99.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон панҷуми ноябр аз Рӯзи театри тоҷик таҷлил мекунанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.Ба иттилои манбаъ, чорабинии фарҳангӣ ба ин муносибат дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов баргузор мегардад.Вазорат мегӯяд, ҳамаи мухлисону ҳаводорони намоишҳои театрӣ метавонанд дар ин рӯз ба театри ба номи Воҳидов раванд.Маврид ба зикр аст, ки дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар театрҳои касбии кишвар 26 асари нав ба саҳна гузошта шуд, ки аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 6 ва дар музофотҳо 20 намоиш рӯи саҳна омад.Дар Тоҷикистон ҷамъан 18 театри касбӣ, 6-то дар шаҳри Душанбе, 7-то дар вилояти Суғд, 4-то дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунад. Илова бар ин 4 театри дигари касбӣ низ таъсис дода шудааст.
https://sputnik.tj/20210701/giryavu-handa-ubaydullo-rajabov-tojikiston-1040575189.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/22/1028852286_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_300e8212db6e99a58e07bd9bd2e334ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, театр
дар тоҷикистон, фарҳанг, театр
Дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад
Ин барномаи фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи театри тоҷик дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон панҷуми ноябр аз Рӯзи театри тоҷик таҷлил мекунанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии фарҳангӣ ба ин муносибат дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов баргузор мегардад.
Вазорат мегӯяд, ҳамаи мухлисону ҳаводорони намоишҳои театрӣ метавонанд дар ин рӯз ба театри ба номи Воҳидов раванд.
Маврид ба зикр аст, ки дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар театрҳои касбии кишвар 26 асари нав ба саҳна гузошта шуд, ки аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 6 ва дар музофотҳо 20 намоиш рӯи саҳна омад.
Дар Тоҷикистон ҷамъан 18 театри касбӣ, 6-то дар шаҳри Душанбе, 7-то дар вилояти Суғд, 4-то дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунад.
Илова бар ин 4 театри дигари касбӣ низ таъсис дода шудааст.