https://sputnik.tj/20211102/tojikiston-kudakon-covid-19-vaksina-1043246599.html
Дар Тоҷикистон кӯдаконро алайҳи бемории COVID-19 ваксина намекунанд
Дар Тоҷикистон кӯдаконро алайҳи бемории COVID-19 ваксина намекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон то 1 ноябр аллакай 2 миллиону 700 ҳазору 548 нафар ва ё 46,4 дарсади аҳолӣ алайҳи вируси COVID-19 ваксина гирифтааст 02.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-02T20:40+0500
2021-11-02T20:40+0500
2021-11-03T11:24+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928562_0:157:2975:1830_1920x0_80_0_0_c882b9049d6d3ba9f6f77bf9bd386276.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон то ҳол масъалаи ваксиназании кӯдакон бар зидди коронавирус баррасӣ нашудааст. Дар ин бора сомонаи "Авеста" бо истинод ба сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии назорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, масъалаи эмкунии кӯдакон бар зидди коронавирус танҳо пас аз эмкунии беш аз 60 дарсади аҳолии калонсол матраҳ мешавад. Наврӯз Ҷаъфаров зикр намудааст, ки то 1 ноябр 2 миллиону 700 ҳазору 548 нафар ё худ 46,4 дарсади аҳолии калонсоли кишвар алайҳи коронавирус моякӯбӣ шудаанд. Миқдори дуюми ваксинаи COVID-19-ро то санаи зикршуда 2 миллиону 150 ҳазору 542 нафар ё 36,9 фоизи аҳолӣ гирифтааст.Маврид ба зикр аст, ки ваксиназанӣ дар Тоҷикистон ҳамоно идома дорад.Аҳолии кишвар 5 намуди ваксинаҳои зидди COVID-19 мегирад, ки инҳо "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Спутник V" мебошанд.
https://sputnik.tj/20211101/vazorat-tandurusti-tedod-vaksinshudaho-tojikiston-1043220156.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928562_164:0:2812:1986_1920x0_80_0_0_a096b7c1232481f3d5ee794133b111ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
Дар Тоҷикистон кӯдаконро алайҳи бемории COVID-19 ваксина намекунанд
20:40 02.11.2021 (Навсозишуда: 11:24 03.11.2021) Дар Тоҷикистон то 1 ноябр аллакай 2 миллиону 700 ҳазору 548 нафар ва ё 46,4 дарсади аҳолӣ алайҳи вируси COVID-19 ваксина гирифтааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон то ҳол масъалаи ваксиназании кӯдакон бар зидди коронавирус баррасӣ нашудааст. Дар ин бора сомонаи "Авеста" бо истинод ба сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии назорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, масъалаи эмкунии кӯдакон бар зидди коронавирус танҳо пас аз эмкунии беш аз 60 дарсади аҳолии калонсол матраҳ мешавад.
Наврӯз Ҷаъфаров зикр намудааст, ки то 1 ноябр 2 миллиону 700 ҳазору 548 нафар ё худ 46,4 дарсади аҳолии калонсоли кишвар алайҳи коронавирус моякӯбӣ шудаанд.
Миқдори дуюми ваксинаи COVID-19-ро то санаи зикршуда 2 миллиону 150 ҳазору 542 нафар ё 36,9 фоизи аҳолӣ гирифтааст.
Маврид ба зикр аст, ки ваксиназанӣ дар Тоҷикистон ҳамоно идома дорад.
Аҳолии кишвар 5 намуди ваксинаҳои зидди COVID-19 мегирад, ки инҳо "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Спутник V" мебошанд.