Қирғизистон ҳушдор дод: "Ҳамсоя"-ҳо бо буҳрони об рӯ ба рӯ ҳастанд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкОбмелевшее водохранилище
Обмелевшее водохранилище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон кишварҳои Осиёи Марказиро аз буҳрони норасоии об ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 2 ноябр — Sputnik. Бишкек аз буҳрони дарпешистодаи об хабар дод, ки ба баъзе кишварҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
Дар ин бора Таалайбек Ибраев, муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии системаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ, ки дар Бишкек баргузор шуд, изҳор дошт.
Нигаронии мақомоти Қирғизистон аз эҳтимоли поин рафтани сатҳи об дар обанбори Токтогул, дар вилояти Ҷалолобод аст. Ҳанӯз дар моҳи марти соли 2021 сатҳи об ба 8 миллиарду 742 миллион метри мукааб поин рафта буд ва аз он замон то кунун коҳишро идома медиҳад.
Кайраккумская ГЭС Дружба народов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Оғози захираи об дар “Қайроққум” барои таъмини нерӯи барқ дар зимистон
Буҳрон метавонад ба системаи энергетикӣ ва кишоварзии минтақа таъсир расонад. Ба гуфтаи Ибраев, ҳатто чораҳои андешидаи ҳукумат шояд натиҷаи дилхоҳ надиҳад.
Ба гуфтаи ҶСК Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон, якбора поин рафтани сатҳи об дар обанбори Токтогул боиси камбуди нерӯи барқ ​​ва ҳамчунин қатъ шудани шабакаҳои обёрии Ӯзбекистон мешавад.
Дар баробари ин коршиносон мегӯянд, кишварҳои ҳамсоя метавонанд ба системаи энергетикии Қирғизистон ва беҳтар шудани вазъ кумак кунанд.
Лентаи хабарҳо
0