Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Фавт аз коронавирус дар Русия рекордӣ шуд: 1178 маврид дар як рӯз

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в Казахстане
Медицинский работник в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Обуна шудан
Вазъи коронавирус дар Русия ҳамано вахим боқӣ мемонад.Дар 24 соати ахир дастикам 1178 бемор ҷон додааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Русия шабонарӯзи гузашта мавориди фавт аз коронавирус рекордӣ шуд.
Ситоди фаврии мубориза алайҳи ин вабо хабар дод, ки дар 24 соати ахир дастикам 1178 нафар ҷон додааст. Илова бар ин шабонарӯзи гузашта 39 008 мавриди сирояти коронавирус ошкор шудааст.

"Дар давоми 24 соати охир дар Русия 39 008 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 дар 85 минтақа ошкор шудааст. Дар маҷмуъ теъдоди гирифторони ин дард ба 8 593 200 нафар расидааст", - омадааст дар хабари ситод.

Гуфта мешавад, аксари ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Маскав (5 736), Санкт-Петербург (3 066) ва вилояти Маскав (2 893) сабт шудаанд.
Зимнан аз авоили бурузи ин маризӣ дар Русия 240 871 нафар фавтидааст. Ҳамчнин 7 412 631 бемори коронавирус дар Русия шифо ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0