https://sputnik.tj/20211101/namoish-rusi-pushkin-vabo-buston-1043210422.html
Намоишномаи русии “Пушкин. Замони тоун” дар шаҳри Бӯстон садҳо тамошобинро гирд овард
Намоишномаи русии “Пушкин. Замони тоун” дар шаҳри Бӯстон садҳо тамошобинро гирд овард
Sputnik Тоҷикистон
Барои ба саҳна гузоштани намоишномаи “Пушкин. Замони вабо” (Пушкин. Время чумы) коргардон Темур Галеев ва балетмейстер Настасия Воронсова аз Русия ба вилояти Суғд сафар карда, ҳамроҳ бо ҳунармандони тоҷик қариб як моҳ заҳмат кашидаанд
2021-11-01T15:00+0500
2021-11-01T15:00+0500
2021-11-01T20:11+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
намоишнома
театр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043211050_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_a422e770ff73d5b4c603b0665f757f1c.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Намоишномаи “Пушкин. Замони тоун” шомгоҳи якшанбеи 31-уми октябр ба саҳна гузошта шуд, ки сокинони зиёдеро ба Театри давлатии мазҳакавӣ ва мусиқии ба номи А. С. Пушкин дар шаҳри Бӯстон гирди ҳам овард. Намоишномаи “Пушкин. Замони тоун” бар асоси асари нависандаи рус А. С. Пушкин “Пир во время чумы” (Тантана дар замони тоун) офарида шудааст. Нарзулло Шарипов, мудири театри давлатии русии мазҳакавӣ ва мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон гуфт, намоишномаи “Пушкин. Замони тоун” дар асоси ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия таҳия шуда, барои ба саҳна гузоштани он вазоратҳои фарҳанги ду кишвар ва Маркази илму фарҳанг ё "Россотрудничество" кумак кардааст. “Пушкин. Замони тоун” дар замони пандемия ба қарантина қарор гирифтани нависанда А.С. Пушкинро, ки соли 1830 дар Болдино сурат гирифтааст, таҷассум менамояд. Вазъи эпидемиологии вақт ба дараҷае ваҳим мегардад, кӯчаҳоро ҷасади зиёди одамони аз тоунфавтида фаро мегирад. Ба ин тартиб тӯли се моҳ нависанда ба назди ҳамсари худ Гончарова Н. Н. баргашта наметавонад ва онҳо пайваста мактуб навишта, аз вазъи ҳамдигар пурсон мешаванд. Коргардон Темур Галеев вазъи он замонро дар намоишномаи “Пушкин. "Замони тоун” бо ҳаракатҳои саҳнавӣ, аз ҷумла рақсу пантомима таҷассум намудааст, ки барои ҳар бинандае ҷолиб мебошад. Маҳаки асосии ин намоишнома он аст, ғайриинтизор дар вақти қарор гирифтан дар чунин варта кас бояд аз ақли худ кор гирифта, ба ҳунару тавоне, ки дорад, машғул шавад ва ба оянда бо чашми нек назар бинмояд.Тимур Галеев дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, офаридани ин намоишнома бо чунин ифодаи саҳнавӣ кори осон набуд, вале бо сайъу кӯшиши ҳамкорони тоҷикаш аз уҳдаи ин кор баромадаанд. Дар сафи ҳудуди 400 нафар тамошобини намоишнома Андрей Варламов, консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд, Обид Назаров, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Иван Иванов, роҳбари "Россотрудничество" дар Тоҷикистон низ дар театри шаҳри Бӯстон нишаста буданд.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043211050_454:0:3185:2048_1920x0_80_0_0_5f447eff021b2a3e1ed1f801895f9eee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоишнома русӣ “пушкин. замони вабо”
намоишнома русӣ “пушкин. замони вабо”
Намоишномаи русии “Пушкин. Замони тоун” дар шаҳри Бӯстон садҳо тамошобинро гирд овард
15:00 01.11.2021 (Навсозишуда: 20:11 01.11.2021) Барои ба саҳна гузоштани намоишномаи “Пушкин. Замони тоун” (Пушкин. Время чумы) коргардон Темур Галеев ва балетмейстер Настасия Воронсова аз Русия ба вилояти Суғд сафар карда, ҳамроҳ бо ҳунармандони тоҷик қариб як моҳ заҳмат кашидаанд
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Намоишномаи “Пушкин. Замони тоун” шомгоҳи якшанбеи 31-уми октябр ба саҳна гузошта шуд, ки сокинони зиёдеро ба Театри давлатии мазҳакавӣ ва мусиқии ба номи А. С. Пушкин дар шаҳри Бӯстон гирди ҳам овард.
Намоишномаи “Пушкин. Замони тоун” бар асоси асари нависандаи рус А. С. Пушкин “Пир во время чумы” (Тантана дар замони тоун) офарида шудааст.
Нарзулло Шарипов, мудири театри давлатии русии мазҳакавӣ ва мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон гуфт, намоишномаи “Пушкин. Замони тоун” дар асоси ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия таҳия шуда, барои ба саҳна гузоштани он вазоратҳои фарҳанги ду кишвар ва Маркази илму фарҳанг ё "Россотрудничество" кумак кардааст.
“Барои ба саҳна гузоштани он коргардон Темур Галеев ва балетмейстер Настасия Воронсова, ҳар ду ҳунармандони Донишкадаи санъати театрии ГИТИС-и шаҳри Москав ба вилояти Суғди Тоҷикистон даъват шуда, ҳамроҳ бо ҳунармандони ҷавони тоҷик тӯли моҳи октябр заҳмат кашидаанд”, - гуфт Шарипов.
“Пушкин. Замони тоун” дар замони пандемия ба қарантина қарор гирифтани нависанда А.С. Пушкинро, ки соли 1830 дар Болдино сурат гирифтааст, таҷассум менамояд. Вазъи эпидемиологии вақт ба дараҷае ваҳим мегардад, кӯчаҳоро ҷасади зиёди одамони аз тоунфавтида фаро мегирад.
Ба ин тартиб тӯли се моҳ нависанда ба назди ҳамсари худ Гончарова Н. Н. баргашта наметавонад ва онҳо пайваста мактуб навишта, аз вазъи ҳамдигар пурсон мешаванд. Коргардон Темур Галеев вазъи он замонро дар намоишномаи “Пушкин. "Замони тоун” бо ҳаракатҳои саҳнавӣ, аз ҷумла рақсу пантомима таҷассум намудааст, ки барои ҳар бинандае ҷолиб мебошад.
Маҳаки асосии ин намоишнома он аст, ғайриинтизор дар вақти қарор гирифтан дар чунин варта кас бояд аз ақли худ кор гирифта, ба ҳунару тавоне, ки дорад, машғул шавад ва ба оянда бо чашми нек назар бинмояд.
Тимур Галеев дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, офаридани ин намоишнома бо чунин ифодаи саҳнавӣ кори осон набуд, вале бо сайъу кӯшиши ҳамкорони тоҷикаш аз уҳдаи ин кор баромадаанд.
“Мо ду-се дафъа кастинг эълон намудем ва сокинони зиёд дар он иштирок намуданд. Аз иштироки мардум пай бурдам, ки бисёриҳо дар Суғд ба театру кино шавқ доранд ва аз миёни онҳо ҳунармандони касбӣ омода намудан имконпазир аст”, - иброз намуд коргардони рус.
Дар сафи ҳудуди 400 нафар тамошобини намоишнома Андрей Варламов, консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд, Обид Назаров, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Иван Иванов, роҳбари "Россотрудничество" дар Тоҷикистон низ дар театри шаҳри Бӯстон нишаста буданд.