https://sputnik.tj/20211101/7-mlrd-nafar-jahon-covid-19-vaksina-giriftand-1043209187.html
Ҳафт млрд нафар дар ҷаҳон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд
Ҳафт млрд нафар дар ҷаҳон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаҳон аз ҳама беш шаҳрвандон Чин, Ҳиндустон ва Амрико алайҳи бемории коронавирус ваксина шуданд 01.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-01T14:20+0500
2021-11-01T14:20+0500
2021-11-01T19:53+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040902297_0:118:3141:1885_1920x0_80_0_0_6c3fc152bcd52dcb2aefb676a4bf577b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар ҷаҳон ҳафт миллиард нафар аллакай алайҳи коронавирус ваксина гирифтанд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба омори расмӣ.Ба иттилои манбаъ, беш аз нисфи онҳое, ки дар ҷаҳон ваксина гирифтаанд, шаҳрвандони Чин, Ҳиндустон ва Амрико мебошанд. Ҳамин тариқ дар Чин 2,3 миллиард, Ҳиндустон 1,1 миллиард ва Амрико 0,4 миллиард нафар ваксин гирифтаанд.Ҳанӯз муайян кардан мумкин нест, ки чӣ қадар одамон дар сайёра ваксинаро гирифтаанд, зеро дар бисёре аз кишварҳо танҳо миқдори вояи тасдиқшудаи ваксинаҳои ковидӣ ва шумораи ваксинаҳои додашуда гузоришро медиҳанд. Дар баробари ин суръати эмгузаронӣ дар ҷаҳон коҳиш меёбад.Дар АМА ва Малта беш аз 90 дарсади сокинон аллакай ваксина шуданд. Вале дар кишварҳое мисли Португалия, Куба, Чили, Исландия, Камбоҷа, Қатар, Испания, Сингапур, Бруней ва Кореяи Ҷанубӣ беш аз 80 фисади аҳолӣ ҳадди ақал бо як воя ваксин моякӯбӣ шуданду халос.Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон то 20 октябр 45,2 фисади аҳолии калонсол зидди коронавирус ваксина гирифта буданд.Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд?Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ваксинзанӣ изҳор дошт, ки то 20 октябр 2 632 058 нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст, ки ин 45,2% аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.2 106 807 нафар вояи дувуми ваксинаро гирифтааст.Дар ҳамин ҳол дар Душанбе беш аз 100% шумораи сокинони аз 18-сола боло моякӯбӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20211019/afghoniston-kudakon-vaksina-1042962729.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040902297_48:0:2779:2048_1920x0_80_0_0_6434b470c76b83624adb4638b1f95dde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
дар ҷаҳон, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
Ҳафт млрд нафар дар ҷаҳон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд
14:20 01.11.2021 (Навсозишуда: 19:53 01.11.2021) Дар ҷаҳон аз ҳама беш шаҳрвандон Чин, Ҳиндустон ва Амрико алайҳи бемории коронавирус ваксина шуданд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар ҷаҳон ҳафт миллиард нафар аллакай алайҳи коронавирус ваксина гирифтанд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба омори расмӣ.
Ба иттилои манбаъ, беш аз нисфи онҳое, ки дар ҷаҳон ваксина гирифтаанд, шаҳрвандони Чин, Ҳиндустон ва Амрико мебошанд. Ҳамин тариқ дар Чин 2,3 миллиард, Ҳиндустон 1,1 миллиард ва Амрико 0,4 миллиард нафар ваксин гирифтаанд.
Ҳанӯз муайян кардан мумкин нест, ки чӣ қадар одамон дар сайёра ваксинаро гирифтаанд, зеро дар бисёре аз кишварҳо танҳо миқдори вояи тасдиқшудаи ваксинаҳои ковидӣ ва шумораи ваксинаҳои додашуда гузоришро медиҳанд.
Дар баробари ин суръати эмгузаронӣ дар ҷаҳон коҳиш меёбад.
Дар АМА ва Малта беш аз 90 дарсади сокинон аллакай ваксина шуданд. Вале дар кишварҳое мисли Португалия, Куба, Чили, Исландия, Камбоҷа, Қатар, Испания, Сингапур, Бруней ва Кореяи Ҷанубӣ беш аз 80 фисади аҳолӣ ҳадди ақал бо як воя ваксин моякӯбӣ шуданду халос.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон то 20 октябр 45,2 фисади аҳолии калонсол зидди коронавирус ваксина гирифта буданд.
Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ваксинзанӣ изҳор дошт, ки то 20 октябр 2 632 058 нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст, ки ин 45,2% аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.
2 106 807 нафар вояи дувуми ваксинаро гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол дар Душанбе беш аз 100% шумораи сокинони аз 18-сола боло моякӯбӣ шуданд.