"Толибон"* ҳамла ба тӯй дар Нангарҳорро рад кард

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Обуна шудан
Мақомоти "Толибон"* мегӯянд, ба маросими арӯсӣ дар Нангарҳор онҳо ҳамла накарданд
ДУШАНБЕ, 31 октябр — Sputnik. "Толибон"* ба ҳамлаи корвони мошинҳои ҷашни арӯсӣ дар Нангарҳор ҳеҷ иртибот надорад, изҳор кардааст сухангӯи ин гурӯҳ дар сафҳаи "Twitter".
Забеҳулло Муҷоҳид мегӯяд, ҳамлагарони ҷашни арӯсӣ бо ҳадафҳои худ дар паси "Толибон"* пинҳон шудаанд.

"Дастандаркорони ин ҳодиса, ки аз номи Имороти исломӣ (номи низоми сиёсии Толибон* - идора.) барои пӯшонидани хусумати шахсӣ истифода кардаанд, аз рӯи қонуни шариат ҷазо хоҳанд гирифт", - навиштааст ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари тирпаронӣ дастикам се нафар кушта шуд ва чанд тани дигар шадидан маҷрӯҳ гашт.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Ҳамлаи “Толибон”* ба маросими арӯсӣ дар Нангарҳор ба далоили пахши мусиқӣ
Гуфта мешавад, дар ин ҳодиса се нафар муттаҳам дониста шуда, зимни амалиёте дуи онҳо дастгир ва як тан тавонист паноҳ баранд. Феълан ҷустуҷӯи ӯ низ идома дорад.
Қаблан хабар дода мешуд, ки "Толибон"* ба як маросими арӯсӣ ҳамла намуда, дастикам ду нафарро кушта, чанди дигарро захмӣ бар ҷо гузошт.
Ҳадс зада мешуд, ки "Толибон”* пас аз шунидани садои мусиқии тӯй ба маросими арӯсӣ ҳамла карда ва маросимро тирборон кард.
Дар ҳамин ҳол “Толибон”* таъйид кард, ки аъзои ин гурӯҳ ба маросими арӯсӣ ҳамла карда ва иддао дорад, ки дар натиҷа ду нафар боздошт шудааст.
Қаблан дар Афғонистон садои мусиқии зинда дар тӯйҳо мамнуъ шуда буд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0